Тоҷ | Рус | Eng

 авг   сентября 2010   окт

ВcПнВтСрЧтПтСб
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
Techies Resources Behavioral Synthesis


info@parlament.tj

Таърихи МН
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми парламентро мушаххас ва ҳамаҷониба муқаррар сохтааст. Парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуд, аввалин бор дар таърихи сиёсии кишвар, таҷзияи ҳокимият дар сатҳи Конститутсияи мамлакат эътироф гардид. Гузашта аз ин, тағйироту иловаҳое, ки моҳи сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ин мафҳумро такмил доданд ва дар ин замина шакли ду маҷлисаи касбию доимоамалкунанда таъсис ёфт. Ин тағйироту иловаҳо ба тарзи куллӣ мақоми конститутсиониву ҳуқуқии парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигаргун намуданд.Дар асоси тағйироту иловаҳо Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ташкил ёфта, бо ҳамин аз сохтори ягонаи нахустин - Шӯроҳо ва баъд Маҷлисҳо чун мақоми комилҳокимият даст кашид ва ин амал шакли ҳуқуқӣ пайдо кард. Конститутсия асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии принсипан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқи консепсияи тақсимоти ҳокимияти давлатӣ ва робитаҳои мутақобилаи мақомоти он баррасӣ намуда, онро ҳамчун асоси бунёдии сохтори конститутсионӣ ва мақомоти мустақили намояндагӣ, ки ҳокимияти қонунгузориро ба амал меоварад, муаррифӣ мекунад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ буда, Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад. Ҷараёни қонунгузорӣ дар Маҷлиси Олӣ – парламенти давлати демокративу ҳуқуқбунёд - дар асоси принсипи волоияти мақоми олии намояндагии ҳокимият дар фаъолияти қонунгузорӣ амалӣ мешавад. Ин, дар навбати худ, ба принсипи тақсимоти рукнҳои ҳокимият мувофиқат менамояд. Мутобиқи моддаҳои 56 ва 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти ҳар ду Маҷлис муқаррар карда шудаанд. Интихоботи соли 2000 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси плюриализми сиёсӣ, яъне бори нахуст бо иштироки чандин ҳизби сиёсӣ ба амал омад. Дар Маҷлиси намояндагон 22 ҷой, яъне 35 дарсади ҳамаи ҷойҳо ба намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ҷудо карда шуд. Се ҳизби сиёсӣ монеаи панҷфоизаи боварии интихобкунандагонро гузаштанд. Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон 15, ҳизби Коммунисти Тоҷикистон 5 ва ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон 2 ҷойро соҳиб шуданд. Мувофиқи банди 1 моддаи 59 ва банди 1 моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, ки лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд ва қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул мекунад. Волоияти қонун дар ҷомеа унсури асосии ҳуқуқии давлат аст. Ҳар ду палатаи Маҷлиси Олӣ дар фаъолияти қонунгузориашон иртиботи мустақим ва доимӣ доранд. Дар таърихи 27 феврали соли 2000 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, 27 марти ҳамон сол вакилони мардумӣ ба иҷрои фаъолияти қонунгузорӣ ва намояндагии худ шурӯъ намуданд. Таъсиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми намояндагӣ ва қонунгузор, ки дар қатори беҳтарин дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дар таърихи сохти давлатдории ҷумҳурӣ на танҳо бо шаклу сохтори худ нав ва фарқкунанда мебошад, балки бо моҳияту ҳадафҳои дар пеш гузошташудааш, ҳамчунин бо мақоми ишғолкардааш дар таҳкиму бақои сохти давлатдории навини тоҷикон ҷолиб ва қобили таваҷҷӯҳ аст. Ташкилёбии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин шакли дупалатагии мақомоти қонун ҳамчун ҷамъбаст ва натиҷаи истиқрори сулҳ, ризоияти миллӣ ва ваҳдати миёни тоҷикон зоҳир гардида, аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ дар қатори вазифаҳои касбии худ – амри қонунгузорӣ ва намояндагӣ -ҷиҳати таҳкими бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ, ризоияти ҷомеа густариши ҷараёни демократикунонӣ хидматҳои арзишманде ба анҷом расондаанд. Маҷлиси Олӣ тибқи тағйироту иловаҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ ба ин қонуни асосӣ ворид карда шуда буданд, таъсис ёфт. Дар таърихи 27 феврали соли 2005 дар асоси меъёрҳои бисёрҳизбӣ ва бисёрномзадӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм баргузор гардид, ки аз миёни номзадҳои сершумор 63 нафари онҳо ба мақоми вакилии Маҷлиси намояндагон сазовор шуданд. Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 мандат аз ҷониби 6 ҳизби сиёсӣ 61 номзад ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ бошад, 209 номзад пешбарӣ гардида, 170 нафари онҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шуданд. Аз шумори шаш ҳизби сиёсӣ ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 74,7 фоизи овозҳо ё 17 ҷой, ҳизби Коммунисти Тоҷикистон 13,63 фоизи овозҳо ё 3 ҷой, ҳизби Назҳати исломи Тоҷикистон 8,93 ё ду ҷойро соҳиб шуданд. Се ҳизби дигари сиёсӣ ба дарёфти овозҳои зарурӣ муваффақ шуда натавонистанд. Аз ҳавзаҳои якмандата бошад, 41 нафар вакил ба Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд. Дар интихобот 92,60 фоизи интихобкунандагон иштирок намуданд. Ҳамин тариқ, 63 нафар вакил ҷиҳати иҷрои вазифаҳои вакилӣ ва намояндагӣ соҳиби ваколатҳои вакилӣ гардиданд. Таъсиси парламенти касбӣ ва доимоамалкунанда на танҳо тақозои замон, истиқрори сулҳ ва ҳаёти осоишта дар сарзамини тоҷикон мебошад, балки шаҳодати он аст, ки миллати бофарҳанги тоҷик дорои арзишҳои бузургу муқаддаси таърихии фарҳангӣ ва давлатдорӣ мебошад. Таъсиси ин мақом ҳамчунин далели он аст, ки арзишҳои демократӣ низ барои тоҷикон падидаи нав набуда, решаҳои амиқи эътирофшудаи таърихӣ дорад. Маҷлиси намояндагон дар тайи фаъолияти беш аз даҳсолаи худ дурустӣ, саривақтӣ ва бо талаботи давру замон мутобиқ будани таъсиси парламенти касбиро собит намуд. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон яке аз омилҳои муҳими эъмори ҷомеаи дунявиву демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона ба шумор рафтани қонун ва волоияти онро собит намуд. 27 феврали соли 2005-ум дар асоси талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи меъёрҳои бисёрҳизбиву бисёрномзадӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм баргузор гардид ва дар он 63 нафар вакилон ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор интихоб шуданд. Дар интихоботи мазкур беҳтарин намояндагони мардум ҳамчун вакилони Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардиданд, ки аксари онҳо шахсиятҳои дар ҷумҳурӣ шинохта, дорои савияи баланди касбӣ ва малакаю таҷрибаи кор буда, аз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар намояндагӣ мекарданд. Доираи тахассусии вакилон ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, ходимони соҳаи тиб ва маориф, муҳандисон ва намояндагони ихтисосҳои дигарро фаро мегирад. Ба он ҳайат 3 нафар узви вобастаи Академияи илмҳо, чор нафар доктори илм ва 11 нафар номзади илмҳо шомил буданд. Ба ин мақоми олӣ 10 нафар зан ҳам вакил интихоб шуданд. Дар ҷараёни даъват ваколати 21 нафар вакил бо сабаби гузаштан ба вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва омилҳои дигар пеш аз мӯҳлат қатъ гардид. Фаъолияти намояндагӣ, қонунгузорӣ ва байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон амалӣ карда шуд. Таъсиси парламенти касбӣ яке аз зуҳуроти низоми демократии давлатдории навини мо мебошад, ки он дар таҳияву қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон нақш ва мақоми муайянкунанда дорад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм барои ворид шудани ҷараёни рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеа ба марҳилаи нав, волоияти қонун ва инкишофи парламентаризми тоҷик мусоидат намуда, бо фаъолияти намояндагиву қонунгузорӣ ва байнипарламентии худ дар миёни аҳли ҷомеаи кишвар ва берун аз он сазовори мақоми мустаҳкам гардид. Дар тайи панҷ соли гузашта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми бахшҳои ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бунёди як силсила пулҳову роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу дохилӣ, сохтмони нақбҳои «Истиқлол» ва «Озодӣ», Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1», нерӯгоҳҳои барқи обии хурд, корхонаю ва иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат далели он комёбиҳост. Марҳилаи нав аз бузургтарин иншооти замон - Нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз гардид. Зикр кардан бамаврид аст, ки тамоми мардуми кишварамон дар ин амри хайр саҳми арзанда гузошта истодаанд. Баргузор гардидани ҳамоишҳои бонуфузи илмиву фарҳангӣ, ҷашнҳои миллӣ, бузургдошти шахсиятҳои таърихиву сиёсии кишвар, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни таърихии диёр, ки дар сатҳи баланд ва эҳсоси ифтихору масъулияти бузург дар назди имрӯзу фардои неки кишвар анҷом пазируфт, аз ҷумлаи рӯйдодҳои солҳои сипаригардида ба шумор меравад. Дар соҳаҳои истеҳсолоти маҳсулоти саноат, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ низ комёбиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Вазъи рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард. Мавқеъ ва нуфузи сиёсии кишварамон дар доираи ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле мустаҳкам шуда, бо аксарияти кишварҳои дунё равобити устувори ҳамаҷониба барқарор гардид. Имрӯз баргузории бисёр рӯйдодҳои муҳими минтақа ва ҷаҳонро бидуни иштирок ва саҳмгузории фаъолонаи Тоҷикистон тасаввур кардан имконнопазир аст. Қобили тазаккур аст, ки дар тамоми комёбиҳо ва пешравиҳои соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар нақши Маҷлиси намояндагон, қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи он равшан аён аст. Имрӯз кишвари тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ва байнипарламентӣ дар баробари дигар дастовардҳои даврони истиқлолият бо парламент ва қонунҳои замонавиаш мешиносанд ва эътироф менамоянд. Фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мутобиқи санадҳои зикргардида дар се самти асосӣ ҷарён гирифт: 1. Фаъолияти қонунгузорӣ: таҳия, баррасӣ ва қабули қонунҳо, қабул ва тасдиқи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрю ҳуқуқӣ. 2. Фаъолияти намояндагӣ: мулоқот бо интихобкунандагон, баррасии арзу шикоят, муроҷиат ва дигар пешниҳодот. 3. Робитаҳои байнипарламентӣ ва хориҷӣ. Бояд зикр кард, ки фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар бахшҳои номбурда дар савияи баланди касбӣ ва дар асоси талаботи меъёрҳои муқарраршуда сурат гирифт. Яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар давоми даъват аз қабули қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои муҳиме иборат буд, ки аз ҷониби субъектҳои ташаббуси қонунгузор пешниҳод мегардиданд. Лоиҳаи қонунҳо мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон пешниҳод шудаанд. Дар фаъолияти панҷсолаи вакилони даъвати сеюми Маҷлиси намояндагон 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 103 қонуни муккамал, 69 тағйиру илова ба кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 279 тағйиру илова ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 158 санади байналмилалӣ, ки аз созишномаву конвенсия, аҳдномаву протокол, шартномаву оиннома ва барномаву дурнамо иборатанд, мавриди қабул ва тасдиқ қарор гирифт. Инчунин 221 қарори Маҷлиси намояндагон қабул карда шуданд. Дар давоми фаъолияти даъвати сеюм 825 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки ин миқдор аз ҳуҷҷатҳои дар фаъолияти даъвати дуюм қабулкардашуда хеле зиёд аст. Аз миқдори умумии қонунҳои қабулшуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 241 лоиҳаи қонун, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 308 лоиҳаи қонун, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 14 лоиҳаи қонун ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 122, аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон 2 лоиҳаи қонун пешниҳод ва қабул карда шудаанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар тайи фаъолияти даъвати сеюм қабул гардиданд, барои дар амал пиёда намудани ҷараёни ислоҳот дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва низоми идораи давлатӣ нақши арзишманде барҷой гузоштанд. Такмили сиёсати молиявӣ, буҷетӣ ва қарзию андозии давлатӣ, ки ба тараққиёти бемайлони соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардидаанд, барои шинохти сатҳи тахассусии Парламенти касбии даъвати сеюм мисоли арзишманд ба шумор мераванд. Барномаҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардиданд, барои ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат, коммуникатсия ва ғайра ворид шудани инвеститсияи хориҷӣ мусоидат менамуданд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҷараёни даъвати сеюм қабулшуда барои пешрафти ҳарчи бештари ҷомеаи кишварамон заминаи комилан мусоидат фароҳам оварданд. Яке аз қонунҳои барои ҳаёти халқу кишварамон хеле муҳим, ки дар ҷараёни фаъолияти вакилони даъвати сеюм қабул гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст, ки он на танҳо дар таҷрибаи парламентии кишвари мо, балки дар доираи ҳаёти байнипарламентӣ низ рӯйдоди нодир ба шумор меравад. Чунон ки маълум аст, лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму ойинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар таърихи 24 майи соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки зиёда аз 2500 нафар иштирокчиёни он, ки шахсиятҳои шинохта ва баруманди кишварамон: аҳли зиё, рӯҳониён, олимону донишмандон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеаи кишвар буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қонуни дигаре, ки барои бунёди ҷомеаи навин нақши арзишманд дорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст, ки қабули он ҷиҳати бештар тақвият бахшидан ба кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ, озодии инсон мусоидат намуда, тадбирҳои риоя ва эҳтироми онҳоро аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳа роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо амалӣ хоҳад намуд. Қонуни дигаре, ки дар ҷараёни даъвати сеюм қабул карда шуд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» аст, ки дар бобати рушду такомули забони модарӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва дигар арзишҳои волои миллӣ хидмати босазо хоҳад кард. Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил», «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи захираҳои моддии давлатӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз қабили қонунҳоеанд, ки ба рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеаи кишварамон мусоидат хоҳанд намуд. Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни фаъолияти даъвати сеюм, се маротиба - соли 2006 ба муносибати 15-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, соли 2007 ба муносибати ҷашни 10-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва соли 2009 ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститусия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар Маҷлиси намояндагон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» ва «Дар бораи авф» қабул гардиданд, ки лоиҳаи онҳо бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидаанд. Дар ҷараёни як даъват қабул шудани се қонуни авф дар ҷумҳуриамон, далели камолоти рушду нумӯи ҷомеа, пайванди ногусастании рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ғамхорӣ нисбати беҳдошти ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар ба шумор меравад. Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, ки қабул ва назорати иҷрои он ба салоҳияти истисноиву конститутсионии Маҷлиси намояндагон шомил мебошад. Чанде аз қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагон дар асоси қонунҳои намунавии аз ҷониби Ассамблеяи Байнипарламентӣ пешниҳодшуда таҳия гардидаанд. Бояд зикр кард, ки Маҷлиси намояндагон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳу дастгирӣ ва кӯмакҳои беғаразонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Тамоми қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагон, баъди ҷонибдории Маҷлиси миллӣ аз тарафи Президенти кишвар ба имзо расидаанд. Фаъолияти қонунгузорӣ ҳамчун бахши асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон аз қабули қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои муҳиме иборат аст, ки ҷиҳати инкишофи ҳарчи бештари тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриамон мусоидат менамоянд. Лоиҳаи қонунҳо мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд. Маҷлиси намояндагон дар тайи панҷ соли фаъолияташ 5 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 тағйиру илова ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 кодекс, 55 тағйиру иловаҳо ба кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 109 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 135 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 160 санадҳои байналмилалӣ, ки аз созишномаву конвенсия, аҳдномаву протокол, шартномаву оиннома ва барномаву дурнамо иборат мебошанд, қабул карда шуд. Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабул ва назорати иҷрои қонуни мазкур ба салоҳияти истисноиву конститутсионии Маҷлиси намояндагон шомил мебошад, ҳар сол дар кумитаҳо ва ҷаласаҳои якҷояи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо аксарияти кулли овозҳо қабул мегардад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самари Созишномаи истиқрори сулҳи миёни тоҷикон, нахустин парламенти касбии тоҷик ва мактаби навини намояндагӣ ва қонунгузорӣ зуҳур намуда, ҷиҳати ҳарчи бештар таҳким бахшидани пояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеаи Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт. Вай ҷиҳати ба марҳилаи нав ворид гардидани рушду такомули ҷомеа дар асоси принсипҳои ҳуқуқбунёдӣ мусоидат намуд, дар амри ҳарчи бештар риоя шудани волоият ва эҳтироми қонун дар ҷомеа заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Вай на танҳо дар муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ марҳилаи нави ҳуқуқиро эҷод кард, балки дар шинохт ва эътирофи ҳарчи бештари Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона аз ҷониби аҳли ҷомеаи олам саҳми шоиста гузошт. Ин мақом ҳамчун мақоми намояндагӣ бо оммаи васеи ҷомеаи Тоҷикистон фарогири робитаҳои мутақобила гардид. Вай ҳамчунин бо аксари мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, хусусан шохаҳои дигари ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати арзёбии сифати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мавриди амал қарор гирифтани қонунҳо ва дигар махсусиятҳои марбут ба қонунҳо робитаҳои корӣ барқарор намуд. Бо таъсиси шакли думаҷлисаи Парламент имконоти равобити байнипарламентӣ ва берунии Маҷлиси Олӣ бештар гардид. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти чандин созмонҳои байнипарламентӣ пазируфта шудааст, ки ин амр дар густариши парламентаризм дар кишвари мо мусоидати комил менамояд. Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди парламентии кишварҳои аъзои Конфронси исломӣ, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии Евроосиё, Иттиҳодҳои парламентҳои Осиё барои сулҳ дар шумори он созмонҳое ҳастанд, ки Парламенти Тоҷикистон ба узвияти онҳо пазируфта шудааст. Ҳамчунин гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон Латвия, Озарбойҷон, Туркия, Белорусия, Югославия, Покистон, Эрон, Қувайт, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Корея, Хитой, Ҳиндустон, Япония ва дигар кишварҳои ҷаҳон ташкил ёфтаанд. Дар Маҷлиси намояндагон қонунҳое таҳия ва қабул карда шудаанд, ки бо қонунҳои намунавии қабулнамудаи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мутобиқат менамоянд. Дар навбати худ Маҷлиси намояндагон низ муаллифи чандин қонунҳое мебошад, ки ин созмони байнипарламентӣ қабул намуда, ҳамчун намуна ё қонунҳои моделӣ ба парламентҳои миллии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тавсия кардааст. Чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагон барои фаъолияти хуби байнипарламентӣ бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардидаанд. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури Маҷлиси намояндагон ва дигар қонунҳое, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, амалӣ карда мешавад. Сарфи назар аз шумора ва чигунагии сохтор ва шакли мақомоти намояндагӣ ва қонунгузорӣ ҳар як даъват моро қадам ба қадам ба сӯи парламенти воқеиву касбӣ ва доимоамалкунандаи намояндагӣ ва қонунгузорӣ шакли думаҷлисаи Маҷлиси Олӣ наздиктар гардонд. Аз нақши муҳими ҳамаи даъватҳои гузашта дар густариши парламентаризми тоҷик сарфи назар кардан нашояд. Дар амри густариши парламентаризм ва бунёдгузории Парламенти касбӣ ва доимоамалкунандаи тоҷик на танҳо тамоми даъватҳои гузашта, балки шояд тамоми вакилони он даъватҳо, ки дар маҷмӯъ беш аз чаҳор ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, саҳмгузорӣ намудаанд.

 

 

Ҷаласаи МН
 
Хабарҳо
 

Китобхона
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ахбори навтарин...