Тоҷ | Рус | Eng

 авг   сентября 2010   окт

ВcПнВтСрЧтПтСб
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
VC Funding Resources


info@parlament.tj

Робитаҳои байналмилалӣ

             Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд ва гуногунҷабҳаи худ бо парлумонҳои мамолики хориҷӣ ва созмонҳои мухталифи байнипарлумонии ҷаҳон таваҷҷӯҳи махсус медиҳад. Ин мақоми олии қонунбарори Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди байнипарламентии ҷаҳон, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ ва Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии Евросиё мебошад.
            
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин Ассамблея ва Созмонҳои бонуфуз гурӯҳҳои миллии парламентии худро таъсис додааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба узвияти Комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии Евросиё пазируфта шуда, чанд нафари онҳо дар мақомоти роҳбарикунандаи ин Ассамблея ва Созмонҳо интиҳоб гардидаанд.Бо мақсади таҳкими муносиботи дуҷонибаи парламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои Ҷумҳуриҳои Хитой, Ҷопон, Ветнам, Покистон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Куба, Қазоқистон, ӯзбекистон, Белорус, Арманистон, Қирғизистон, Олмон, Корея, Озарбойҷон ва Комиссияи байнипалатагии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия таъсис дода шудааст.

            Фаъолияти байнипарламентӣ ва робитаҳои берунии Маҷлиси намояндагон низ ҳамчун бахши муҳими фаъолияти Маҷлиси намояндагон ҷараён гирифт. Дар тайи 1 0 сол Маҷлиси намояндагон бо чандин парламентҳои кишварҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои кории мустаҳкам барқарор намуд. Обрӯ ва нуфузи Парламенти Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ афзун гардид. Даъват ва иштироки ҳайатҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисёр кишварҳои дунё далели ин аст. Дар ин давра бисёр вохӯрию қабули расмии Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо, вакилони Маҷлиси намояндагон бо ходимони намоёни давлатӣ, сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои хориҷӣ, намояндагони созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Мулоқотҳои роҳбарияти Маҷ¬лиси намояндагон бо ҳайатҳои баландрутба – президентҳои Ҳиндустон, Эрон, Хорватия, Қазоқистон, Туркия, Украина, Хитой, раисони парламентҳои Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо, бо сафи¬рони фавқулодда ва мухтори давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони соз¬мону ташкилотҳои бонуфузи бай¬налмилалӣ аз ҳамин қабиланд. Чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагон барои фаъолияти хуби байнипарламенташон бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардидаанд. Бо парламентҳои бисёр кишварҳои дунё робитаҳои корӣ барқарор шуда, бо 20 парламенти кишварҳои дигар гурӯҳҳои ҳамкорӣ ва дӯстӣ таъсис ёфтаанд.


             Гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Байнипарламентии ҷаҳон:

Президенти гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон
Ноиби Президенти гурӯҳи милии парламентии Тоҷикистон
Котиби гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон
узви гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон
узви гурӯҳи миллии парламентӣ
Гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо:
Роҳбари гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо
 узви Кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои иқтисод, илм, технология ва муҳити зист
узви Кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амният (котиби гурӯҳ)

 узви Кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои демократия, ҳуқуқи инсон, ва башар дӯстӣ

Гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон дар Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ:
 Роҳбари гурӯҳи миллии парламентӣ
 узви гурӯҳи миллии парламентӣ
Гурӯҳи парламентии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ:

 Муовини раиси Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба иқтисод ва буҷет

 Муовини раиси Комиссияи АБП ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон
 Муовини раиси Комиссияи АБП ИДМ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ
  узви Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмиллалӣ
 узви Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба илм ва маориф
 узви Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба мудифиа ва амният
 узви Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш
  узви Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба назорату буҷет
Гурӯҳи парламентии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии ЕврОсиё:

 Аъзои Бюрои АБП Иттиҳоди Иқтисодии Евросиё

 узви Комиссияи доимии АБП Иттиҳоди Иқтисодии ЕврОсиё оид ба масъалаҳои ҳуқуқ
 узви Комиссияи доимии АБП Иттиҳоди Иқтисодии ЕврОсиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ
  узви Комиссияи доимии АБП Иттиҳоди Иқтисодии ЕврОсиё оид ба сиёсати тиҷоратӣ ва ҳамкории байналмиллалӣ
 

Ҷаласаи МН
 
Хабарҳо
 

Китобхона
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ахбори навтарин...