|
ЗУҲУРОВ ШУКУРҶОН Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳуров Шукурҷон 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷ таваллуд шудааст. Соли 1970 мактаби миёнаи рақами 4 ноҳияи Панҷро хатм намуда, ба Донишгоҳи муҳандисӣ – заминсозии шаҳри Москва дохил шуд ва соҳиби ихтисоси муҳандиси заминсоз гардид. Соли 1992 Академияи идоракунии Федератсияи Россияро низ хатм намуд. Вай тайи солҳои 1976 – 1979 дар имрӯза ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба сифати муҳандис – заминсоз ва баъдан дар комиҷроияи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ба ҳайси сардори шӯъбаи истифодаи замин ва заминсозӣ кор кард.Аз соли 1979 то соли 1986 дар Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон дар вазифаҳои инструктор, мудири шӯъба, котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон адои вазифа намуд. Соли 1986 Зуҳуров Шукурҷон раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) интихоб гардид. Аз соли 1990 то соли 1998 ба ҳайси Раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуд. Зуҳуров Шукурҷон аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намудааст. Ӯ дар ду давраи аввал (Москва, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат буд. Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси Зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи Оштии Миллӣ кор кардааст. Ӯ дар як вақт аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъди ҷангро иҷро намудааст. Зуҳуров Шукурҷон соли 2001 дар вазифаи мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2003 Раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва аз соли 2003 то соли 2005 дар вазифаи Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. 27 феврали соли 2005 аз округи интихоботии «Қубодиён - 31» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Аз 1 декабри соли 2006 дар вазифаи Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Зуҳуров Шукурҷон бо орденҳои «Дӯстӣ», «Шараф», медал ва Грамотаи Президиуми Советии Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Зуҳуров Шукурҷон оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд мебошад. Зуҳуров Шукурҷон рӯзи 16 марти соли 2010 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум интихоб гардид.
|