Тоҷ | Рус | Eng

 апр   мая 2013   июн

ВcПнВтСрЧтПтСб
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
VC Funding Technology


info@parlament.tj

КОМИССИЯИ ЭКОЛОГИИ МН
Ҷаласаи навбатии Комиссияи муваққатии экологӣ баргузор шуд
  

     Имрӯз, 10 – уми апрел дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи муваққатии экологӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои комиссияи муваққатии экологӣ ва намояндагону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд.

Идома...
 
ДИҚҚАТ, ОЗМУН
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мақолаи беҳтаринро дар мавзӯи экология эълон менамояд.
Идома...
 
Вохӯриҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Бонн
  
5 декабри соли 2011 дар чаҳорчӯби иштирок дар кори Конфронси Байналхалқӣ оид ба Афғонистон дар Бонн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбарони ҳайатҳое, ки дар кори Конфронс иштирок доштанд, як қатор вохӯриҳо анҷом дод.
Идома...
 
Струан Стивенсон: Нерӯгоҳҳои обию барқӣ обро истеъмол намекунанд

Бо наздик шудани охири соли 2011, диққати васоити ахбори умум дар атрофи сарбанди Роғун афзуда истодааст. Зеро дар аввали соли 2012 Бонки Умумиҷаҳонӣ ният дорад, ки натиҷаи ташхиси худро оид ба бехатар будани сарбанд нашр намояд. Дар ҳисобот ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист арзёбӣ мегарданд ва натиҷаи он метавонад вазъиятро дар минтақа, аз ҷумла бо Ӯзбекистон тезутунд намояд.

Идома...
 
Маърифати экологӣ - кафили амнияти экологии кишвар

 Дар замони ҳозира ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳамчун манбаи таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва бехатарии экологии инсон диққати ҷиддӣ медиҳад. Аз ин лиҳоз, дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба мақсади таъмини бехатарии экологии ҷомеа, дар қатори афзалиятҳои мавҷуда, ба афзалияти экологӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои сиёсати давлатӣ аҳамияти хоса медиҳанд. Чунки ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, дар маҷмӯъ, бе тағйирдиҳии шуури инсон, системаи арзишҳои ҷомеа, фаҳмиши моҳияти проблемаҳои экологӣ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар ҳалли масъалаҳои экологӣ имконнопазир мебошад.

Идома...
 
Дар хусуси баъзе масъалаҳои экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили экологӣ аҳамияти аввалиндарҷа дода, сиёсати экологии он ба тамоми зуҳуроти муосири ҷаҳони экологӣ мутобиқ мебошад. Боиси зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ду даъвати глобалии экологии аз тарафи СММ ва ҷаҳониён пазируфташуда – эълони соли 2003 – Соли байналмилалии Оби Тоза ва солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амалиёти Об барои Ҳаёт мебошад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонди Байналмилалии Наҷоти Арал мақоми мушоҳидачии СММ дода шуд, ки ба баланд шудани потенсиал ва обрӯи байналмилалии ин сохтори минтақавии экологӣ мусоидат намуд. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ҳарчи бештар аҳамият зоҳир менамояд. Маҳз дар ҳамин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 Конвенсияҳои экологии СММ шомил мебошад, ки ин аз эътирофи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳангоми пиёда сохтани муносибатҳои байнидавлатӣ ва барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар қатори қонунгузории миллӣ ба асос гирифтани меъёрҳои умумибашарӣ шаҳодат медиҳад.Имрӯз дар ҷумҳурӣ қонунгузории мукаммали ҳифзи муҳити зист мавҷуд буда, сохторҳои зарурии назорат ва мониторинги экологӣ пурра фаъолият доранд. Тамоми фаъолияти ба муҳит таъсиркунандаи инсон дар асоси стандартҳои давлатӣ ва қоидаю меъёрҳои санитарӣ танзим карда мешавад.Ҳамаи ин далелҳо бар онанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои сиёсӣ ва қонунгузории вобаста ба ҳалли масоили ҳифзи муҳити зист пурра арзи вуҷуд доранд.

   
Идома...
 

Ҷаласаи МН
 
Хабарҳо
 

Китобхона
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ахбори навтарин...