|
РАСУЛОВ ҲАМРОХОН ҲАСАНОВИЧ Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 24 октябри соли 1949 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1972 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси биолог хатм кардааст. Фаъолияти кориашро баъди хатми Донишгоҳ дар мактаби миёнаи рақами 6 шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, сипас аз соли 1974 то 1976 дар вазифаи Инспектори шӯъбаи мактубҳо ва шикояти шаҳрвандони Комиҷроияи вилояти собиқ Кӯлоб кор кардааст. Аз соли 1976 то соли 1983 ба ҳайси Инструктори шӯъбаи ташкилии Комиҷроияи вилояти собиқ Кӯлоб фаъолият намуда, ҳамчунин аз соли 1983 то моҳи январи соли 2004 дар вазифаҳои Котиби Комиҷроияи ноҳияи Ховалинг, Мудири шӯъбаи ташкилии Комиҷроияи вилояти собиқ Кӯлоб, Мудири шӯъбаи ташкилӣ, мудири шӯъбаи корҳои Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон, Котиби Комиссияи марказии интихоботӣ оид ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Раиси Комиссия оид ба интихобот ва Референдуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Роҳбари Дастгоҳ, Сардори идораи молиявию хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи январи соли 2004 Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии чумҳурии Тоҷикистон мебошад.Соли 1999 бо ордени «Шараф» дараҷаи II мукофотонида шудааст.
 | ЗАРИПОВ ТАВАКАЛ ИБРОҲИМОВИЧ Муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1956 дар ҷамоати маҳаллаи Чортеппаи н.Ленин (ҳоло Рӯдакӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1977 Донишкадаи омӯзгории ш. Душанберо бо ихтисоси муаллими мактаби миёна ва соли 1989 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Фаъолияти кориашро аз вазифаи сарпионервожати мактаби миёнаи №4 ноҳияи Вахш оғоз намуда, сипас тайи солҳои 1977 – 1979 ба ҳайси муаллими омӯзишгоҳи №1 ш. Душанбе, муаллими физикаи мактаби миёнаи № 4 ноҳияи Вахш ва инспектори шӯъбаи маорифи ҳамин ноҳия кор кардааст. Аз соли 1979 то соли 1984 масъулияти котибии Кумитаи ЛКСМ ноҳияи Вахшро бар ӯҳда дошт ва аз соли 1984 то соли 1991 инструктори шӯъбаи ташвиқотии ноҳияи Вахши Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буда, ҳамчунин дар вазифаи молшиноси калони шӯъбаи савдои меваю сабзавоти ноҳияи Вахш фаъолият намудааст. Солҳои 1992 -1993 дар вазифаҳои муовини директори муассисаи хурди бисёрсоҳаи «Помир»-и н. Вахш, аз соли 1993 то соли 1995 директори генералии кулли фирмаи «Радуга»-и ш.Кинешмаи вилояти Ивановои Федератсияи Русия кор кардааст. Аз соли 1995 то имрӯз дар вазифаи Ёвари Раис, муовини роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
 |
АЛИЕВ АСАДУЛЛО Муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1951 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1980 Донишгоҳи кооперативии шаҳри Самарқандро бо ихтисоси молшиноси дараҷаи олӣ хатм намудааст. Аз соли 1995 то соли 2005 вакили Маҷлиси Шӯрои вакилони халқии шаҳри Душанбе буд. Соли 1994 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» мукофотонида шудааст. Тайи солҳои 1966-1988 дар вазифаҳои гунонуни соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолият намуда, аз соли 1988 то соли 1991 дар вазифаи Директори Иттиҳодияи «Хӯроки умумӣ»-и ноҳияи Синои ш.Душанбе кор кардааст. Дар давоми солҳои 1991-2001 Раиси муассисаи иҷоравии хӯроки умумии «Муборак»-и ноҳияи Синои ш.Душанбе ва аз соли 2001 то соли 2006 мудири шӯъбаи молиявию хоҷагии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳоло муовини Роҳбари Дастгоҳ – мудири шӯъбаи хоҷагии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
ҲОТАМОВ МӮҲТАРАМ Мудири Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1950 дар деҳаи Аскалони ноҳияи Ғарм таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1972 Донишгоҳи омӯзгории ш. Душанберо бо ихтисоси муаллими мактаби миёна хатм кадааст. Фаъолияти кориашро баъди хатми Донишгоҳ ба ҳайси муаллим дар мактаби таҳсилоти умумии ноҳияи Ёвон оғоз намуда, аз соли 1973 то соли 1983 дар вазифаҳои муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шӯъбаи нашриёти «Ирфон»-и ш. Душанбе кор кардааст. Солҳои 1983-1987 бо сафари хидматӣ дар Афғонистон қарор дошт. Баъди бозгашт аз сафари хидматӣ, тайи солҳои 1987-1991 вазифаҳои муҳаррири калон, мудири шӯъбаи нашриёти «Адиб» дар ш. Душанберо бар ӯҳда дошт. Солҳои 1991-2000 Раиси муассисаи хурди давлатии «Ориёно», сармуҳаррири рӯзномаи «Роҳи умед» буд. Аз соли 2000 то кунун Мудири Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо Медали «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шудааст.
|
САЙДАЛОВ АСАДУЛЛО АБДУРАСУЛОВИЧ Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон. Соли 1955 дар ноҳияи Фархори Ҷумҳуриии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1975 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси муаллими таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм кардааст. Фаъолияти кориашро баъди хатми Донишкада ба ҳайси муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи № 12 ноҳияи Фархор оғоз намуда, аз соли 1980 то соли 1995 директори мактаби миёнаи № 16 ноҳияи Фархорро бар дӯш доштааст. Тайи солҳои 1995-1996 дар вазифаи сармутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон кор карда, аз соли 1996 то соли 2000 муовини мудири шӯъбаи мазкур ва аз соли 2000 то имрӯз мудири шӯъбаи ташкилӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон мебошад.
НАЗАРОВ САЙМАҲМАД Мудири шӯъбаи назорати Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 15 сентябри соли 1951 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1972 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис - иқтисодчӣ хатм кардааст. Тайи солҳои 1972-1979 ба ҳайси муҳандиси НОТ, сардори банақшагирии МНА № 18 Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1979 то соли 1983 дар вазифаи инструктори шӯъбаи ташкилии КП ноҳияи Ховалинг, ПК Тоҷикистон фаъолият намуда, дар давоми солҳои 1983-1997 вазифаҳои мудири шӯъбаи ташкилии КП ноҳияи Ховалинг ПК Тоҷикистон ва котиби аввали КП ноҳияи Ховалинг ПК Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аз соли 1997 то соли 2008 дар вазифаҳои муовини сардори шӯъбаи ХРЦ, сардори шӯъбаи молиявии Корпоратсияи ҷумҳуриявии «Пахтаи тоҷик», мушовири иқтисодии раиси шаҳри Душанбе, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, мудири шӯъбаи ташкилӣ-методии Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе, мушовири калони Кумита оид ба иқтисод, буҷет, молия ва андози Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз сентябри соли 2008 то ҳоло мудири шӯъбаи назорати Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 | ОХУНОВ УСМОН
Мудири шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 10 маи соли 1954 дар ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1978 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 1978 то соли 1995 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муфатиши қаторӣ то муовини сардори шӯъба ва сармуфаттиши Раёсати тафтишотӣ оид ба корҳои махсусан муҳим кор кардааст. Тибқи фармоиши Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 1995, Охунов Усмон бо нигоҳ доштан дар ҳайати шахсии Вазорати корњои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давом додани кор ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд. Аз 16 октябри соли 1995 то моҳи январи соли 2000 ба њайси сармушовири Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, сармушовири Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, инчунин муовини мудири шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2001 то моҳи январи соли 2011 ба ҳайси муовини мудири котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёвари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло Мудири шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Охунов Усмон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1998 бо рутбаи олии махсус, Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, сарфароз гардонида шудааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2011 бо медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2012 «Дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ «Мушовири давлатии дараҷаи 1» мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.
|
САБУРОВ АБДУЛБАСИР АБДОЛИЕВИЧ Мудири шӯъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1973 дар ноҳияи Қумсангир, шаҳраки Дӯстӣ, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1997 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар соли 1999 ба ҳайси мутахассиси дараҷаи 1 шӯъбаи кадрҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳамчунин дар вазифаҳои сармутахассиси Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёвари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло вазифаи мудири шӯъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.
МАМАДРАСУЛОВ ШЕРЗАМОН Мудири шӯъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1952 дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1974 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси муаллими забони русӣ хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро баъди хатми Донишгоҳ ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти руси мактаби таҳсилоти умумии № 58 ноҳияи Шуғнон оғоз намуда, аз соли 1981 то соли 1985 дар вазифаи инспектор оид ба кори ноболиғони шӯъбаи маорифи ВМКБ кор кардааст. Аз соли 1985 то соли 2000 методист, инспектор, мудири кобинети методӣ, инспектори шӯъбаи маорифи ноҳияи Фрунзеи ш. Душанбе буд. Ҳоло мудири шӯъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
КАМОЛОВ ҶАЛОЛ АСАДОВИЧ Мудири шӯъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 ноябри соли 1959 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Баъд аз хатми факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлитии педагогии шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатиашро аз мактаби миёнаи № 8, ноҳияи Панҷакент оғоз намуда, сипас аз соли 1986 то соли 1995 дар вазифаи котиби масъули комиссияи кор бо ноболиғони комиҷроия, мудири шӯъбаи умумӣ, идоракунандаи мудирияти корҳо, котиби комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент кор кардааст. Соли 1995 ба вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр таъин шуда, то соли 2005 дар вазифаҳои мудири шӯъбаи шаҳрии фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудири шӯъбаи маорифи Ҳукумати шаҳри Панҷакент адои вазифа намудааст. Соли 2005 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзи интихоботии Панҷакент №21 интихоб шудааст. Соли 2011 ба вазифаи мушовири калони Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, аз моҳи июли соли 2012 дар вазифаи мудири шӯъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст. - Оиладор, сохиби се фарзанд аст.
|
РАЗОҚОВ ТОЛИБҶОН ӮРОҚОВИЧ Мудири шӯъбаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1956 дар ш.Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1978 Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-ташкилотчии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ хатм кардааст. Фаъолияти кориашро баъди хатми Донишгоҳ ба ҳайси лаборанти калони ИТИИММП бо Маркази ҳисобкунии Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон дар ш.Душанбе оғоз намуда, сипас аз соли 1979 то соли 1996 дар вазифаҳои таҷрибаомӯз-тадқиқотчии Институти иқтисодии АИ ИҶШС дар ш. Москва, ходими хурди илмии ИТИИММП бо Маркази ҳисобкунии Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон дар ш.Душанбе, иқтисодчӣ, иқтисодчии пешбар, сармутахассиси Кумитаи давлатии банақшанирии ҶШС Тоҷикистон дар ш. Душанбе, референти калони мудирияти корҳои Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар ш.Душанбе, ёвари муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии агросаноатии ҶШС Тоҷикистон дар ш. Душанбе, сармутахассиси шӯъбаи комплекси агросаноатӣ, мудирияти корҳои Шӯрои Вазирон, ёвари муовини якуми Раиси Шӯрои Вазирон, ёвари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1996 то соли 1997 муовини Раиси вилояти Ленинобод, Кумитаи иқтисодиёти вилояти Ленинобод буд. Солҳои 1997-1999 вазифаи ёвари Раиси Кумитаи металҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1999-2000 сардори шӯъбаи робитаҳои иқтисодӣ-хориҷии Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Солҳои 2000 - 2001 дар вазифаи ёвари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, аз соли 2001 то имрӯз мудири шӯъбаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
|
УМАРОВ САТТОР САЛИМОВИЧ Мудири шӯъбаи компютерӣ ва чопи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 10 сентябри соли 1948 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1971 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1973 баъди адои хизмати Модар – Ватан ба ҳайси муовини директори мактаби миёнаи № 29 ш. Қӯрғонтеппа оғоз намуда, тайи солҳои 1974 – 1981 дар вазифаҳои мудири китобхонаи ОМКТ-32 ш. Кӯлоб, инспектори шӯъбаи маълумоти касбӣ-техникии Кумитаи иҷроияи ш. Кӯлоб, тарҷумони сохтмони элеваторҳо дар Эрон, иқтисодчии комиссияи банақшагии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб ва инспектори шӯъбаи сабти санадҳои ҳолати шаҳрвандии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб кор кардааст. Солҳои 1981-1987 Ёрдамчии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб, солҳои 1987- 1990 Мудири шӯъбаи ташкилию инструктории кумитаи иҷроияи ноҳияи Ховалинг, солҳои 1990-1993 сармутахассис, муовини шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Раёсати Шӯрои вилояти Кӯлоб, солҳои 1993- 1996 Мудири сектор, мудири шӯбаи тарҷума ва нашри санадҳои қонунгузории Дастгоҳи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 1996 то соли 1998 вазифаи мудири дафтари коргузории сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эронро бар ӯҳда дошт. Дар давоми солҳои 1998-2004 дар вазифаҳои Машваратчии калони маркази таҳлилии Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мудири маркази таҳлилии Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2004 то имрӯз Мудири шӯъбаи компютерӣ ва чопи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии СССР (соли 1980) мукофотонида шудааст.
|
СУЛТОНОВ МУҲАММАДАТО ИСОЕВИЧ Мудири шӯъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 28 декабри соли 1961 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1989 Донишгоҳи давлатии ба номи М. Ломоносови шаҳри Маскавро бо ихтисоси рӯзноманигор хатм намудааст. Фаъолияти кориашро баъд аз хатми Донишгоҳ ба ҳайси мухбири шӯъбаи ҷамъиятии хабаргузории «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст. Аз соли 1990 то соли 2000 мудири шӯъбаи ҷамъиятӣ-сиёсии Маркази Иттилоотии «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2000 дар вазифаи рохбари маркази матбуот ва аз соли 2010 мудири шӯъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
ОРИФОВА ДИЛОРОМ ШАРOФОВНА ҲУРМАТОВ ҚИЛИЧ ЭГАМОВИЧ Мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 3 - ноябри соли 1978 дар Ҷумҳурии Қазоқистон, вилояти Чимкент (ҳозира Қазоқистони ҷанубӣ) таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2000 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ-байналхалқӣ хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз моҳи сентябри соли 2000 дар суди ноҳияи Марказии (ҳозира А.Фирдавсӣ) шаҳри Душанбе ба сифати иҷрочии суд оғоз кардааст. Аз моҳи декабри соли 2002 дар вазифаҳои сармутахассиси шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи апрели соли 2006 мудири бахши техникаи қонунгузорӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи октябри соли 2007 ёвари муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи ноябри соли 2009 муовини мудири шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи феврали 2011 муовини мудири Котиботи Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2012 то инҷониб Мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Ҳурматов Қ.Э. дар фаъолияти кории худ базаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро (шакли электронӣ) омода ва таҳия намудааст, ки аз он кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораю вазоратҳои ҷумҳурӣ истифода мебаранд. Барои беҳтар намудани фаъолияти кории вакилони Маҷлиси намояндагон ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳурматов Қ.Э. номгӯи қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалие, ки дар солҳои 1990–2010 тасдиқ шудаанд, таҳия ва омода намудааст, ки ҳамчун воситаи ёрирасон истифода мешаванд.
|