Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанов Маҳмадалӣ - Раис тел. 221-78-93 (кори), 918-54-44-55, 918-63-97-67 Маҳмудов Насрулло Раҳматович – муовин тел. 221-23-22 (кори), 918-63-87-87 Аъзо: Зиёратшо Саъдулло тел. 221-75-84(кори), 918-84-09-09 Самадов Турахон Давлатович тел. 221-32-31 (кори), 93-715-44-16 Нозимов Маҳмадшариф тел. 221-78-18 (кори), 907-70-86-91 Фелалиев Акрамшо Саидшоевич тел. 221-63-72 (кори), 918-63-97-07 Исматуллоев Дилшод тел. 221 Дар асоси Дастури Маҷлиси намояндагон ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон салоҳияти зайл мансуб дониста шудааст: а) қонунгузорӣ оид ба тафсири Конститутсия (Сарқонун), қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳо; б) қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионӣ, озодии инсон ва шаҳрванд; в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд; г) қонунгузории маъмурӣ ва меҳнатӣ; д) қонунгузории гражданӣ, мурофиавии гражданӣ ва мурофиавии хоҷагӣ; е) қонунгузории ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; ж) қонунгузорӣ дар бораи системаи судӣ, мақоми судяҳо ва иттиҳодияҳои судӣ; з) қонунгузорӣ дар бораи мақомоти адлия, прокуратура, адвокатура ва нотариат; и) қонунгузорӣ дар бораи мукофотҳои давлатӣ; к) қонунгузорӣ дар бораи истеҳсолоти иҷро; л) қонунгузорӣ оид ба маблағгузории мақомот ва ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо ба ваколати кумита дахл дорад ва назорати иҷрои он; м) масъалаҳои ҳуқуқӣ оид ба авф ва татбиқи авф; н) таҳлили амали қонунгузорӣ оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати кумита дохиланд; о) тайёр намудани пешниҳодҳо барои дохил намудан ба Барномаи намунавӣ ва нақшаи тақвимии Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати кумита дохиланд; п) созмон додани алоқаҳои байнипарламентӣ бо кумита ва комиссияҳои марбутаи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва парламентҳои дигар давлатҳо; р) омӯхтани зарурат ва имконияти сафари аъзои кумита ба кишварҳои дигар барои иштирок намудан дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳо ва дар ин мавзӯъ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани таклиф; с) фаъолияти қонунгузорӣ, таҳияи хулоса, гузоришҳо ва амалӣ намудани дигар масъалаҳое, ки ба салоҳияти кумита дохил мешаванд. Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азимов Амирқул Насимович - Раис тел. 221-63-44 (кори) Холов Саттор – муовин тел. 221-17-54 (кори), 93-564-07-90 Аъзо: Иномов Абдузафар тел. 221- 28-77 (кори), 92-777-56-49 Амиршоева Саодат тел. 221-13-55 (кори), 918-63-97-08 Гиёев Сайфулло Неъматович тел. 221-14-55 (кори), 98-107-93-93 Баракатулло Атохоҷа тел. 221-18-16 (кори), 907-700-734 Ҳисайнов Умаралӣ Фаттоҳович тел. 221-23-43 (кори), 918-61-76-80 Тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон салоҳияти Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният аз масъалаҳои зерин иборат мебошанд: а) қонунгузорӣ оид ба таъмини бехатарии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва коррупсия; б) қонунгузори оид ба разведкаи хориҷӣ; в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои бехатарии иқтисодӣ, берунӣ, ҳарбӣ, иттилоотӣ, ҷамъиятӣ, экологӣ ва демографӣ (якҷоя бо кумитаҳои дахлдор); г) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳолати фавқулодда; д) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва намудҳои дигари иттилооти махфӣ; е) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ж) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратӣ, прокуратура; з) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои салоҳият ва вазифаҳои сохтори мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа; и)қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сохтмони ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо оид ба сохторҳои ҳарбӣ, масъалаҳои сиёсати ҳарбӣ-техникӣ, тағйирдиҳии яроқноккунӣ, техникаи ҳарбӣ ва истифодаи моликияти озодшудаи дигари ҳарбӣ; к) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ оид ба маҳсулотҳои таъиноти ҳарбӣ; л) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои хароҷоти маблағгузорӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи миллӣ; м) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои таъмини тайёрии сафарбаркунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тайёрии ҳарбӣ ва сафарбаркунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дигар ва сохторҳои дигари ҳарбӣ; н) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои тайёрии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ, даъвати онҳо, тартиби гузаштани хизмати ҳарбӣ, иваз намудани хизмати ҳарбӣ ба хизмати алтернативӣ, пурракунонии Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои дигар ва сохторҳои дигари ҳарбӣ бо ҳайати шахсӣ, тайёрии кадрҳои афсарӣ; о) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҷанг ва сулҳ, ҳолати ҳарбӣ, тартиби истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ; п) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои вазъи кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаи онҳо, аз он ҷумла масъалаҳои суғурта ва тандурустии хизматчиёни ҳарбӣ ва ба ҳаёти мулкӣ мутобиқшавии иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, таъмини нафақа пас аз хизмати ҳарбӣ ва таъмини интизоми ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбӣ р) иштирок дар таҳияи доктринаи мудофиа ва бехатарӣ; с) қонунгузорӣ оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, трансмиллӣ; т) қонунгузорӣ оид ба маблағгузории мақомот ва ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо ба ваколати кумита дохил мешаванд ва назорати иҷрои онҳо; у) созмон додани алоқаҳои байнипарламентӣ бо кумита ва комиссияҳои марбутаи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва парламентҳои дигар давлатҳо; ф) омӯхтани зарурат ва имконияти сафари аъзои кумита ба кишварҳои дигар барои иштирок намудан дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳо ва дар ин мавзӯъ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани таклиф; х) масъалаҳои дигари фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таълими касбӣ ва тарбиявӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ, ватандӯстӣ ва ҳуқуқӣ; ч) фаъолияти қонунгузорӣ, таҳияи хулоса, гузоришҳо ва ҳалли масъалаҳое, ки ба салоҳияти кумита дохил мешаванд. Кумита оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович - Раис тел. 221-11-42 (кори), 98-100-25-25 Гулов Сафаралӣ - муовин тел. 221-00-63 (кори), 918-70-91-68 Аъзо: Сироҷов Шарофиддин тел. 221-13-54 (кори), 907 - 91-32-40 Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич тел. 221-73-48 (кори), 92-770-30-30 Кенҷаева Мунаввара Ҳодиевна тел. 221-20-55 (кори), 92-802-67-67 Талбаков Исмоил Иброҳимович тел. 221-14-54 (кори), 918-63-97-37 Расулов Ашурбек тел. 221-24-35 (кори), 907-58-58-19 Мувофиқи Дастури Маҷлиси намояндагон салоҳияти Кумита оид ба иқтисод ва молия иборат аз масъалаҳои зерин муайян шудааст: а) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сохтори буҷет ва протсесси буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети фондҳои ғайрибуҷетӣ, қарзи дохили давлатӣ, андозу боҷҳо; б) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муносибатҳои мутақобилаи буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои танзими амалиёти суғуртавӣ, инкишофи институтҳои молиявӣ, биржаҳо ва бозори фонд; г) қонунгузорӣ оид ба масъалаи танзими арзию гумрукӣ (якҷоя бо Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният); д) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои хазинадорӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит, омор ва омори молиявӣ; е) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои танзими фаъолияти бонкӣ; ж) қонунгузорӣ оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, асосҳои идоракунии давлатии иқтисодиёт, аз ҷумла оид ба меъёрҳои амнияти иқтисодӣ ва идоракунии амволи давлатӣ; з) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои интегратсияи иқтисодии давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (якҷоя бо Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот); и) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои танзими маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ; к) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои нарх, танзими фаъолияти инҳисории табиӣ, соҳибкорӣ ва инкишофи соҳибкории хурд; л) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ихтиёрдорӣ ва идораи моликияти давлатӣ, аз ҷумла моликияте, ки ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомии шакли кушода тааллуқ доранд ва дар раванди хусусигардонии моликият ба вуҷуд омадаанд, ҳамчунин моликияте, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад; м) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ташкилу фаъолияти корхонаҳои шаклашон гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ ва қатъ кардани чунин фаъолият (ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ғайра), инчунин танзими фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат низ мавҷуд аст; н) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муомилоти саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомии шакли кушода, ки дар раванди хусусигардонии моликият барпо шудаанд, муфлисшавӣ, дастгирии соҳибкорӣ, инкишофи бизнеси хурд ва миёна; о) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муносибатҳои иҷоравӣ; п) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муносибатҳои амволӣ (қарзӣ, гаравӣ, баҳодиҳӣ, муомилоти амволи ғайриманқул, идоракунии боэътимод, гарави амвол, хусусигардонии манзил ва ғайра); р) баррасии пешакии ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон; с) баррасии пешакии масъалаҳои вобаста ба додани ризоият ба доду гирифти қарзи давлатӣ; т) ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии иқтисодӣ оид ба масъалаҳои ба салоҳияти кумита дахлдошта; у) мувофиқаи лоиҳаи сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли навбатии молиявӣ, ки Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд (якҷоя бо Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор); ф) ташкил, гузаронидан ва иштирок намудан дар симпозиумҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар оид ба проблемаҳои ислоҳоти иқтисодӣ; х) омӯхтани зарурат ва имконияти сафари аъзои кумита ба кишварҳои дигар барои иштирок намудан дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳо ва дар ин мавзӯъ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани таклиф; ч) фаъолияти қонунгузорӣ, таҳияи хулоса, гузоришҳо ва амалӣ намудани дигар масъалаҳое, ки ба салоҳияти кумита дохил мешаванд. Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология Саиди Ёқубзод - Раис тел. 221-76-95 (кори), 918-61-65-65 Ҳисориев Маҳмадамин Исматович – муовин тел. 221-01-44 (кори), 93-819-10-00 Аъзо: Садриддинов Бадриддин Талбакович тел. 221-20-38 (кори), 918-63-97-39 Латипов Рустам Баротович тел. 221-11-24 (кори), 91-922-94-90 Ҳақдодов Маҳмадшариф Маҳмудович тел. 221-21-77 (кори), 907-70-90-73 Сафаров Олимчон тел. 221-96-90 (кори), 918-59-89-90 Дар асоси Дастури Маҷлиси намояндагон салоҳияти Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология аз инҳо иборат мебошанд: а) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии тараққиёти соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, ки ба ислоҳоти аграрӣ ва замин, дигаргунсозии муносибатҳои истеҳсолӣ вобастагӣ доранд; б) таҳлили амали қонунгузорӣ оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати кумита дохиланд; в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои мелиоратсия ва хоҷагии об; г) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои соҳаи коркарди саноати хӯрокворӣ ва озуқа; д) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои кооператсияи матлубот; е) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои хоҷагии ҷангал; ж) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои экологӣ ва бехатарии экологӣ (якҷоя бо Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният); з) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои тартиби ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, муҳофизат ва барқарор намудани мамнӯъгоҳҳои нодири табиат, усулҳои экологӣ ва биотсенозӣ, нигоҳ доштани гуногунрангии биологӣ; и) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои баамалбарории созишномаҳои байнидавлатӣ доир ба минтақаҳои ҳифзи табиати муҳити атроф (якҷоя бо Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот); к) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои суғуртаи экологӣ, ҳифзи ҳолати муносиби замин, захираҳои об, ҷангалзорҳо, ҳавои атмосферӣ, мувозинати наботот ва ҳайвоноти нодир ва азбайнрафтаистода; л) таҳияи хулоса оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти кумита вобаста аст ва назорати иҷрои он; м) барқарор ва мустаҳкам намудани муносибатҳои байнипарламентӣ доир ба масъалаҳои қонунгузории аграрӣ, фаъолияти хоҷагии қишлоқ ва соҳаҳои ба он вобаста, омӯхтани таҷрибаи кори кумитаи дигар парламентҳо дар соҳаи аграрӣ ва экология; н) омӯхтани зарурат ва имконияти сафари аъзои кумита ба кишварҳои дигар барои иштирок намудан дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳо ва дар ин мавзӯъ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани таклиф; о) фаъолияти қонунгузорӣ, таҳияи хулоса, гузоришҳо ва амалӣ намудани дигар масъалаҳое, ки ба салоҳияти кумита дохил мешаванд. Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим - Раис тел. 221- 11-21 (кори), 918-63-97-21 Сафаров Амирхон – муовин тел. 221- 24-68 (кори), 91 - 933-11-11 Аъзо: Самадова Мақсуда Абдуғафуровна тел. 221-14-42 (кори), 92 - 717-67-65 Шарипов Сухроб тел. 221-44-33 (кори) Кабиров Муҳиддин Тиллоевич тел. 221-11-23 (кори), 93-430-33-55 Давлаталӣ Давлатзода тел. 221-35-03 (кори), 907-70-09-77 Мувофиқи Дастури Маҷлиси намояндагон салоҳияти Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот аз масъалаҳои зерин иборатанд: а) қонунгузорӣ роҷеъ ба масъалаҳои байналмилалӣ; б) омода сохтани лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқ, бекор кардан ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ барои баррасии ҷаласаи Маҷлиси намояндагон; в) тайёр кардани лоиҳаи тавсияи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар мавриди ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон (дар ҳамкорӣ бо Кумитаи марбутаи Маҷлиси миллӣ); г) иштирок дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба мақоми байналмилалии ҳимояи Сарҳади давлатии Тоҷикистон (якҷоя бо Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният); д) иштирок дар таҳияи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла равобити иқтисодии хориҷӣ, оид ба масъалаҳои ҷанг ва сулҳ; е) тайёр кардани барномаҳои солонаи робитаҳои хориҷии Маҷлиси намояндагон, дар бобати имзои Созишномаҳо бо парламентҳои кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалии парламентӣ; ж) муҳокимаи пешакии масъалаҳо оид ба муқаррар намудани рутбаҳои дипломатӣ; з) ташкили ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии воқеъ дар ҷумҳурӣ, сафоратҳои хориҷӣ ва бо созмонҳои байналмилалии парламентии дунё; и) бо назардошти таклифи кумитаҳо таҳияи лоиҳаи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои мамлакатҳои дигар; к) омӯхтани зарурат ва имконияти сафари аъзои кумита ба кишварҳои дигар барои иштирок намудан дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳо ва дар ин мавзӯъ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани таклиф; л) қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ; м) қонунгузорӣ оид ба кафолати озодии виҷдон ва танзими фаъолияти ташкилотҳои динӣ (якҷоя бо Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон); н) қонунгузорӣ оид ба сиёсати миллии давлатӣ, инкишофи фарҳанги миллии халқи тоҷик ва дигар халқҳои сокини Тоҷикистон оид ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи байналмиллалӣ роҷеъ ба масъалаҳои миллӣ; о) қонунгузорӣ оид ба иттилоот, аз ҷумла телевизион, радио ва матбуот; п) қонунгузорӣ оид ба танзими фазои ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ; р) ба роҳ мондани ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ; с) танзими фаъолияти рӯзномаи «Садои мардум» ва тайёр кардани масъала дар бораи Оиннома барои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон; т) додани хулосаҳо ба лоиҳаи буҷети давлатӣ аз рӯи салоҳияти кумита ва назорати иҷрои он; у) иштирок дар конференсияҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷӣ; ф) таъмини робитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафоратхонаҳо ва тиҷоратхонаҳои Тоҷикистон дар мамолики дигар бо ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон; х) тайёр ва пешниҳод кардани нақшаи ҳамкорӣ бо парламентҳо ва созишномаҳои ҳамкорӣ бо парламентҳои давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалии парламентӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон; ч) ташкили баррасии санадҳои намунавии қонунгузории Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё (ЕврАзЭС), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар Маҷлиси намояндагон; ш) фаъолияти қонунгузорӣ,таҳияи хулоса, гузоришҳо ва амалӣ намудани дигар масъалаҳое, ки ба салоҳияти кумита дохил мешаванд. Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҷабборова Марҳабо Тухтасуновна - Раис тел. 221-24-66 (кори), 98-583-30-00 Хидирова Махфират Умаровна – муовин тел. 221-94-93 (кори), 918-63-97-54 Аъзо: Акилов Нурулло Иноятович тел. 221-24-92 (кори), 92-775-04-34 Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич тел. 221-00-55 (кори), 93-579-00-55 Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович тел. 221-14-23 (кори), 907-70-69-59 Каримов Маҳмадраҳим тел. 221-30-95 (кори), 907-333-956 Низом Қосим пури Ҷаҳонгир тел. 221-23-53 (кори), 918-94-12-94 Мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагон салоҳияти Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ба тариқи зайл муайян шудааст: а) қонунгузорӣ оид ба соҳаи илм, маориф, фарҳанг, туризм, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, сиёсати ҷавонон; б) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои танзими ҷараёни пешрафт ва амали системаи маориф, тадқиқоти илмӣ, сиёсати ҷавонон; в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои моликияти давлатӣ, молиявӣ, андозбандӣ дар системаи илму маориф ва сиёсати ҷавонон, фарҳанг, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, туризм (якҷоя бо Кумита оид ба иқтисод ва молия); г) қонунгузорӣ дар соҳаи сиёсати илмию техникӣ, технологияҳои баланд, прогресси илмиву техникӣ, ҳамкории илмиву техникӣ (технологӣ) бо мамлакатҳои хориҷӣ; д) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои фарҳанг, аз ҷумла: - иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти фарҳангӣ; - ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳанг, мероси фарҳанги миллӣ; - содирот ва воридоти арзишҳои фарҳангӣ; - музейҳо, китобхонаҳо, бойгонӣ; - ҳунармандӣ ва касбҳои миллӣ; - забон ва фолклор; - ҳамкории мутақобила бо равияҳои динӣ дар бобати ҳифзи фарҳанг; - муассисаҳои фарҳангӣ ва рушди парасторӣ; - рамзҳои давлатӣ ва истифодаи онҳо (якҷоя бо Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ); - фаъолияти илмӣ, таълими касбӣ дар соҳаи фарҳанг. е) додани хулосаҳо ба лоиҳаи буҷети давлатӣ аз рӯи салоҳияти кумита ва назорати иҷрои он; ж) қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқ ба ахбороти илмӣ, илмию техникӣ, технологӣ ва ғайра; з) қонунгузорӣ оид ба хусусиятҳои хоси танзими меҳнати ноболиғон, доир ба пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни онҳо (якҷоя бо Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон); и) қонунгузорӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, туризм, сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш; к) иштирок дар таҳия ва иҷрои чорабиниҳо оид ба амалӣ гардонидани сиёсати давлатии илмию техникӣ, масъалаҳои таълимӣ, сиёсати ҷавонон, туризм, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон; л) созмон додани алоқаҳои байнипарламентӣ бо кумита ва комиссияҳои марбутаи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва парламентҳои дигар давлатҳо; м) иштирок намудан ва гузаронидани конференсияҳои байналмилалӣ, семинарҳо, симпозиумҳо доир ба масъалаҳои салоҳияти кумита (якҷоя бо Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот); н) омӯхтани зарурат ва имконияти сафари аъзои кумита ба кишварҳои дигар барои иштирок намудан дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳо ва дар ин мавзӯъ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани таклиф; о) масъалаҳои дигари фаъолияти илмӣ, таълимию тарбиявӣ, варзишӣ, фарҳангӣ ва туризм, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон дохил мегарданд; п) фаъолияти қонунгузорӣ, таҳияи хулоса, гузоришҳо ва амалӣ намудани дигар масъалаҳое, ки ба салоҳияти кумита дохил мешаванд. Кумита оид масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ - Раис тел. 221-76-21 (кори), 985-08-28-98, 904-43-48-48 Қурбонов Бег Холович – муовин тел. 221-20-35 (кори), 907-50-14-14 Аъзо: Маҳмадалиев Амирбек Темурович тел. 221-14-24 (кори), 918-63-97-73 Мукумова Сабоҳат Аминовна тел. 221-11-64 (кори), 918-24-68-05
Қарақулов Амир Бӯриевич тел. 221-17-52 (кори), 918-27-92-43 Хонов Абдурахмон тел. 221-23-51 (кори), Тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон салоҳияти Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ аз масъалаҳои зерин иборатанд: а) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сиёсати демографӣ (якҷоя бо Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия); б) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оила ва кӯдакон; в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои таъминоти нафақаи шаҳрвандон; г) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои суғуртаи иҷтимоии шаҳрвандон; д) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ; е) қонунгузорӣ оид ба стандартҳои камтарини иҷтимоӣ ва кафолатҳои давлатии иҷтимоии камтарин; ж) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани беҳдошти шароити зиндагии аҳолӣ; з) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сиёсати андоз дар қисмати андозҳо ва боҷҳои иҷтимоӣ, инчунин андозҳо ва боҷҳо аз аҳолӣ (якҷоя бо Кумита оид ба иқтисод ва молия); и) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ - ҳуқуқии собиқадорони ҷанг, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон; к) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи занон, оила ва кӯдакон, татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо; л) додани хулосаҳо ба лоиҳаи буҷети давлатӣ аз рӯи салоҳияти кумита ва назорати иҷрои онҳо; м) қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ вобаста ба ҳифзи саломатӣ ва кафолати риояи ин ҳуқуқҳо; н) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҳуқуқҳои касбӣ, ӯҳдадориҳо ва масъулияти коркунони соҳаи тиб ва фармасевтӣ, вазъи ҳуқуқии ассотсиатсияҳои касбӣ; о) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои суғуртаи тиббӣ, таҳия ва иҷрои буҷети фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ (дар якҷоягӣ бо Кумита оид ба иқтисод ва молия); п) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои саноати тиббӣ ва доруворӣ (якҷоя бо Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия); р) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои тибби анъанавӣ ва халқӣ; с) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои беҳбудии санитарӣ – эпидемиологии аҳолӣ; т) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои бо кор таъмин намудани аҳолӣ ва ҳифз аз бекорӣ, ҳамчунин масъалаҳои танзими бозори қувваҳои коргарӣ, бозори шуғл, тайёр ва таҷҳизонидани ҷойҳои корӣ, мушоҳидаи доимии корхонаҳо, тамоюли касбӣ ва офияти шаҳрвандон, дастгирии соҳибкорӣ ва ривоҷи корчаллонии хурд, ташкили корҳои ҷамъиятӣ, таъмини кори муваққатӣ, тайёр ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси кадрҳо; у) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷойгиркунонии захираҳои меҳнатӣ; ф) омӯхтани зарурат ва имконияти сафари аъзои кумита ба кишварҳои дигар барои иштирок намудан дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳо ва дар ин мавзӯъ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани таклиф; х) фаъолияти қонунгузорӣ, таҳияи хулоса ва гузоришҳое, ки ба салоҳияти кумита дохил мешаванд; ч) барқарор ва мустаҳкам намудани муносибатҳои парламентӣ доир ба соҳаҳои ба салоҳияти кумита вобастабуда, инчунин омӯхтани таҷрибаи кори дигар парламентҳо. Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Давлатов Убайдулло Абдуллоевич - Раис тел. 221-59-12 (кори), 918-63-97-02 Рабиева Галия – муовин тел. 221-13-52 (кори), 918-63-97-45 Аъзо: Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна тел. 221-23-39 (кори), 93-410-22-97 Самадов Шакарбек Додхоевич тел. 221-11-62 (кори), 92-774-19-58 Саъдуллоев Ҳабибулло Наимович тел. 221-48-43 (кори), 93-457-48-48 Ҷонов Назрулло тел. 221-59-64 (кори), 93-600-14-74 Дар асоси Дастури Маҷлиси намояндагон салоҳияти Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ аз масъалаҳои зерин иборатанд: а) муҳокимаи пешакии пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон; б) қонунгузорӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; в) қонунгузорӣ оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; г) қонунгузорӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ; д) қонунгузорӣ оид ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; е) қонунгузорӣ оид ба раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ж) қонунгузорӣ дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; з) қонунгузорӣ оид ба рамзҳои давлатӣ; и) қонунгузорӣ дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; к) қонунгузорӣ дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; л) қонунгузорӣ дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот; м) қонунгузорӣ оид ба хизмати давлатӣ; н) қонунгузорӣ оид ба вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва вакилони ҷамоатҳо; о) қонунгузорӣ оид ба статуси пойтахт – шаҳри Душанбе; п) қонунгузорӣ оид ба тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон; р) иштирок дар таҳия ва амалигардонии ислоҳоти сохтори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, расонидани ёрӣ ба ин мақомот оид ба амалӣ шудани қонунҳои ҷорӣ; с) таҳияи хулосаҳо ба лоиҳаи буҷети давлатӣ аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти кумита вобаста аст ва назорати иҷрои он; т) созмон додани алоқаҳои байнипарламентӣ бо кумита ва комиссияҳои марбутаи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва парламентҳои дигар давлатҳо; у) иштирок намудан дар симпозиум, семинару машваратҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ доир ба масъалаҳои салоҳияти кумита; ф) омӯхтани зарурат ва имконияти сафари аъзои кумита ба кишварҳои дигар барои иштирок намудан дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳо ва дар ин мавзӯъ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани таклиф; х) фаъолияти конунгузорӣ, таҳияи хулоса, гузоришҳо ва амалӣ намудани дигар масъалаҳое, ки ба салоҳияти кумита дохил мешаванд. Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Катаев Амир Ҳабибович - Раис тел. 221-57-13 (кори), 93-561-45-61 Салимов Абдуҷалол – муовин тел. 221-14-31 (кори), 93-501-00-00 Аъзо: Имомов Азизмат Холамтович тел. 221-31-67 (кори), 93-444-20-80 Турдиматова Нодира Мирзоалиевна тел. 221-32-97 (кори), 91-910-32-08 Назриев Мусаябшо тел. 227-40-93 (кори), 918-63-97-42 Эсанқулов Эшбӯрӣ Тӯрахонович тел. 227-31-10 (кори), 93-507-46-66 Шабдолов Шодӣ Давлатович тел. 221-23-71 (кори), 93-488-01-01 Мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагон ба салоҳияти Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия масъалаҳои зерин мансубанд: а) таҳияи консепсия ва қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои энергетика, саноат, сохтмони саноатӣ ва гражданӣ, нақлиёт, коммуникатсия, инвеститсияи соҳаҳои мазкур; б) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сохтмони роҳ; в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сохтмон, меъморӣ ва фаъолияти шаҳрсозӣ; г) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои стандартикунонӣ, иҷозатномадиҳӣ, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, ягонагии воситаҳои ченак; д) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои манзил ва хоҷагии манзилию коммуналӣ; е) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба салоҳияти кумита вобаста аст (якҷоя бо Кумита оид ба иқтисод ва молия); ж) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои илмию техникӣ вобаста ба салоҳияти кумита (якҷоя бо Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон); з) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои истеҳсолоти маҳсулоти саноатии таъиноти гражданию мудофиавӣ; и) таҳлили амали қонунгузорӣ оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати кумита дохиланд; к) таҳияи хулосаҳо ба лоиҳаи буҷети давлатӣ аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти кумита вобаста аст ва назорати иҷрои он; л) омӯхтани зарурат ва имконияти сафари аъзои кумита ба кишварҳои дигар барои иштирок намудан дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳо ва дар ин мавзӯъ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани таклиф; м) фаъолияти қонунгузорӣ, таҳияи хулоса, гузоришҳо ва амалӣ намудани дигар масъалаҳое, ки ба салоҳияти кумита дохил мешаванд. Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Давлаталӣ Давлатзода - Раис Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич – муовин Гиёев Сайфулло Неъматович – котиб Аъзо: Садриддинов Бадриддин Талбакович Саймуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич Қарақӯлов Амир Бӯриевич Саъдуллоев Ҳабибулло Наимович Эсанқулов Эшбӯрӣ Тӯрахонович Комиисия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Имомов Азизмат Холматович - Раис Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович – муовин Тӯрдиматова Нодира Мирзоалиевна – котиб Аъзо: Нозимов Маҳмадшариф Талбаков Исмоил Иброҳимович Латипов Рустам Баротович Кабиров Муҳиддин Тиллоевич Қурбонов Бег Холович Самадов Шакарбек Додхоевич |