Бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти қонунгузорӣ вакилон-аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянеро анҷом дода, лоиҳаи қонунҳои зеринро ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудаанд, ки қисме аз онҳо қабул ва қисми дигарашон дар марҳилаҳои гуногуни баррасӣ қарор доранд.
Аз он ҷумла: Ғаффорова Н.А.- 6.
- ҚҶТ «Дар бораи амният»; -ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии ҶТ»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати ҶТ»; - ҚЧТ «Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарӣ» - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия».
Шабозов М.Ш. – 5:
-ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи омори давлатӣ»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи Феҳристҳои давлатӣ»; - КҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»; - лоиҳаи ҚҶТ « Дар бораи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат »
Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
1. Ватанов М.М. – 6:
- ҚҶТ «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи суди ҷиноятӣ»; - ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ». - ҚКҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси Миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ»; - Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
2. Саъдулло 3. – 2:
- ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ». - ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон».
3. Фелалиев А.С. – 5 :
- Лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ». - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ». - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи воситаҳои ахбори омма». - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи иттилоот».
Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният
1. Амиршоева С. – 4:
- ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
2. Б. Атохоҷа – 2:
-ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ». - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия».
3. Иномов А.- 3:
- ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» - ҚЧТ «Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарӣ»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот».
Кумита оид ба иқтисод ва молия
1. Раҷабов С.Х. – 7 :
- ҚҶТ «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» - ҚҶТ «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» - ҚҶТ «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ». - лоиҳаи ҚЧТ «Дар бораи занбуриасалпарварӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи Созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот»: - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ».
2. Алиев Ҳ.Х. – 3:
- ҚҶТ «Дар бораи амнияти озуқаворӣ»; - лоиҳаи ҚЧТ «Дар бораи занбуриасалпарварӣ». - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи аудити экологӣ».
3. Гулов С. – 6:
- ҚҶТ «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» - ҚҶТ «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи Созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ,консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
4. Расулов А.: - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ».
Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология
1. Ёқубзод С. – 3:
- ҚҶТ «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»; - лоиҳаи ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби ҶТ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
2. Ҳисориев М. – 4:
- ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ». - ҚҶТ «Дар бораи аудити экологӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ».
3. Садриддинов Б. – 2:
- лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ». - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда».
4. Ҳақдодов М. – 5:
- ҚҶТ «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ»; - ҚҶТ «Дар бораи мониторинги экологӣ»; - ҚЧТ «Дар бораи экспертизаи экологӣ». - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи аудити экологӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»
5. Сафаров О.Ҷ.- 2:
- лоиҳаи ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби ҶТ». - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот
1. Салимзода О.– 1:
- лоиҳаи ҚЧТ «Дар бораи воситҳои ахбори омма».
2. Сафар Амирхон – 1;
- лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи иттилоот».
Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сиҳатӣ
1.Хайринисо Юсуфӣ – 5:
- КҶТ «Дар бораи иттифоқҳои касаба »; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи ёрии равонпизишкӣ»; - Лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи нигаҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетики набототи корам»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи истифодабарии дастгоҳҳои назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ».
2. Қурбонов Б.Х.- 5:
- лоиҳаи ҚҶТ «оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи нафту газ». - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи иҷора»; - Лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи нигаҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетики набототи корам»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи истифодабарии дастгоҳҳои назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ».
3. Маҳмадалиев А. Т.- 6:
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқи Низомномаи шаҳодатномаи нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон; - ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати ватан ҳалок гаштаанд»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи ҳифзи муҳити зист». -лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи иҷора»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи нигаҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетики набототи корам». - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи истифодабарии дастгоҳҳои назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ».
4. Муқумова С. А.- 6:
- ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати ҶТ»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии ҶТ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати ҶТ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи нигаҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетики набототи корам».
Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон
1. Ҷабборова М.Т.- 5:
- ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон». - ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»; - ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶ «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ « Дар бораи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат ».
2. Хидирова М.У.- 5:
- ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи фарҳанг»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»; - лоиҳаи ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶ «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»;
3. Низом Қосим- 3:
- ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи фарҳанг»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи осорхонаҳо».
4. Саидмуродов Л.Ҳ. -1:
- ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи ҳимоя дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
5. Каримов М.-2:
- ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи Хазинаи Бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ». - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи ангишт».
6. Акилов Н.И.-3:
- ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи маориф»; - ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ». - ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶ «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ».
Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;
1.Раҷабов С.Р.-4:
- ҚКҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚКҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ».; -Лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот».
2. Рабиева Г.Р.-5:
- лоиҳаи ҚЧТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ « Дар бораи хизмати давлатӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда». - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи энергетика»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи истифодаи гази табии ва сифати сӯзишвории моторӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон».
3. Саъдуллоев Ҳ.Н.-4 :
- лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи нафт ва газ». - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи ёрии равонпизишкӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ».
4.Ҷонов Н.-3:
- лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи фарҳанг»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи равонпизишкӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ».
5. Самадов Ш.Д.- 3:
- лоиҳаи ҚКҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚКҶТ «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи истифодаи гази табии ва сифати сӯзишвории моторӣ».- бозпас. - лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи сарфаҷӯии энергия ва самарабахшии энергия».
6.Афзалшоева Б.-1.
- лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот».
Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия;
1.Катаев А.Ҳ.- 8:
- лоиҳаи ҚЧТ «Дар бораи энергетика»; - лоиҳаи ҚЧТ « Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи Созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот»; - лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи сарфаҷӯии энергия ва самарабахшии энергия»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи ангишт»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи нафту газ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи стандартонӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ».
2. Салимов А.:
- лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи стандартонӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ».
3. Турдиматова Н.М.:
- лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ».
4.Эсанқулов Э.Т. – 3:
- лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи истифодаи гази табии ва сифати сӯзишвории моторӣ. - лоиҳаи ҚҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи фаъолияти обуҳавосанҷӣ»; - лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера».
5. Назриев М.-1:
- лоиҳаи ҚҶТ «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»;
Нақши Фраксияи ҲХДТ дар амалӣ намудани Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ
Тибқи муқаррароти банди 101 боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои таъсиси Фраксия ин амалӣ намудани мақсадҳо ва ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии вакилон ва ҳизб мебошад. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки шиори имрӯз ва панҷ соли минбаъдаи он «Барои созандагӣ ва рушди босубботи Тоҷикистон» аст, имрӯз барномаи амал барои ҳар як аъзои Фраксия гаштааст.
Аъзои Фраксия, чи аз ҳавзаҳои якмандата ва чи аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ нағз дар хотир доранд, ки дар маъракаи пешазинтихоботӣ маҳз ҳамин барномаро ҳамчун барномаи фаъолияти худ дар панҷ соли минбаъда муаррифӣ намуда буданд. Аз ин рӯ, имрӯз бо сипарӣ гаштани мӯхлати муайяни фаъолият мо метавонем барои худ таҳлил намоем, ки то кадом дараҷа амалӣ намудани онро таъмин намудаем. Албатта, барнома бисёрҷабҳа буда, фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, мехостам он ҷанбаеро, ки бевосита ба фаъолияти вакилӣ робита дорад, таҳлил намоям.
Парлумони мамлакат ҳамчун шохаи қонунгузори ҳокимият дар самти таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ баҳри таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши бузург дошта, дар ин самт вакилон- аъзои Фраксия низ фаъолияти босамар доранд. Зикр намудан ба маврид аст, ки фаъолияти қонунгузорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти вакилӣ ба ҳисоб рафта, тавассути самаранок амалӣ намудани он заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ баҳри рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа фароҳам оварда мешавад. Аз ин рӯ, вакилон-аъзои Фраксия чӣ дар пешниҳод ва чӣ дар баррасии лоиҳаи қонунҳое, ки аз ҷониби субъектони дигар ба парлумон ворид мешаванд, фаъолона иштирок намуда истодаанд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо аъзои Фраксия пайваста кӯшиш менамонд, ки ҳангоми таҳия ва баррасии онҳо ба ин масъала аҳамияти махсус медиҳанд. Ҳамчунин, ба масъалаи экспертизаи дақиқи молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии лоиҳаҳои баррасишаванда низ аҳамияти калон дода мешавад, то ин ки татбиқи амалии онҳо дар ҷомеа бе мамониат таъмин карда шаванд. Таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои иҷтимоӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомотҳои давлатӣ дар шароити имрӯза мебошад, зеро маҳз тавассути танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар ҷомеа метавон ба рушду пешрафти он ноил гашт.
Бо дарназардошти ҳамин нуқта, дар самти такмили қонунгузорӣ дар барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба сифати яке аз мақсадҳои асосӣ таҳия ва қабули Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Тоҷикистон дарҷ шуда буд, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 ба имзо расид.
Консепсияи мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ, асосноккунии илмӣ ва зарурати қабули қонунҳо таҳия ва қабул гаштааст. Ҳамчунин, дар самти такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ, ки метавонад боиси рушду такомули низоми нави ҳуқуқӣ дар муносибатҳои бозаргонӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ гардад, оид ба муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои амалҳое, ки боиси бунёди монеаҳо барои ташаккул ва рушди соҳибкории хурду миёна гардад, корҳои муайяне идома доранд. Яке аз нуқтаҳои барномаи пешазинтихоботӣ ин такмили Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъини ҷазои ҷарима барои ҷиноятҳои иқтисодӣ ҳангоми ихтиёран барқарор намудани зарари расонидашуда мебошад. Вобаста ба ин нуқтаи Барнома, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ аз 8 июни соли 2010 ворид карда шуданд.
Маълум аст, ки хусусияти иҷтимоӣ доштани давлат имрӯз тақозо менамояд, то ба ин соҳаи муҳим диққати махсус дода шавад. Вобаста ба ин, як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тавсиб расиданд, ки мақсадашон таъмини зиндагии арзанда ва дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошад. Дар ин раванд метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон»-ро қайд намуд, ки баҳри тақвияти ҳимояи ҳуқуқҳои ин табақаи мардум қадами ҷиддие ба пеш мебошад. Саломатии аҳолӣ боигарии асосии давлат буда, пайваста дар ин самт чораҳо андешида мешаванд.
Бо мақсади тақвияти заминаи меъёрии ҳуқукии соҳа аз ҷониби Сангинов Ҷ.Р. ва Қурбонов У. А. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби оилавӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иммунопрофилактикаи касалиҳои сироятӣ» қабул гардиданд. Вобаста ба такмили қонунгузории соҳаи меҳнат аз ҷониби аъзои Фраксия Зуҳуров Ш.З. ва Муқумова С.А. ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки фаъолияти меҳнатии шахсони ба кори хонагӣ машғулбударо ба танзим медароранд. Қайд намудан ба маврид аст, ки муносибатҳои нави иқтисодӣ имрӯз моҳиятан зарурати такмили Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш овардааст. Аз ин рӯ, аз ҷониби вакилон Ғаффорова Н.А., Муқумова С.А. ва Ҳакимов М.Д. лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гашта, айни замон дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Соҳаи маорифро Президенти кишвар ҳамчун соҳаи афзалиятнок эълон дошта, баҳри рушди он, такмили низоми таълим, ба мактаб фаро гирифтани доираи ҳарҷи васеъи наврасону ҷавонон ва ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид гаштан чораҳои мушаххас амалӣ гашта истодаанд. Бо мақсади тақвият бахшидани заминаи стратегии илм ва маориф маблағгузории соҳа сол то сол зиёд шуда, таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ зоҳир карда мешавад. Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» қабул гардид.
Ҳамчунин, бо мақсади амалӣ намудани яке аз нуқтаҳои барномавӣ оид ба барқарор намудани мактабҳои эҷодиёти техникии наврасону ҷавонон бо мақсади ташаккули фарҳанги техникии ҷавонон аз ҷониби вакилон С.Раҷабов ва М.Хидирова лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» таҳия гашта дар баррасии Маҷлиси намояндагон қарор дорад.
Ҳифзи муҳити зист қисми таркибии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро ташкил медиҳад. Дар робита ба ин тибқи Барнома лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» дар таҳрири нав аз ҷониби вакилон- аъзои Фраксия Миралиев А.М., Саиди Ёқубзод, Назриев М. ва Маҳмадалиев А.Т. пешниҳод ва қабул карда шуд.
Ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда» аз ҷониби вакилон Фелалиев А.С., Рабиева Г.Р., Садриддинов Б.Т. таҳия ва пешниҳод гардид. Боиси тазаккур аст, ки аъзои Фраксия фаъолона дар ҳайъати Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, баҳри таҳкими заминаи ҳуқукии соҳа ва боло бурдани маърифати экологии аҳолӣ саҳми муносиб доранд.
Бо ин мақсад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологӣ» аз ҷониби вакилон Миралиев А.М., Салимов Т.О.,Ҳақдодов М. таҳия ва қабул гардид. Идомаи мантиқии амалишавии ин нуқтаи Барнома Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» мебошад, ки аз ҷониби аъзои Фраксия Миралиев А.. Салимов Т., Ҳақдодов М.М. таҳия шуда аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид.
Вобаста ба ин мавзӯъ вакилон Фелалиев А.С. ва Садриддинов Б.Т. лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» пешниҳод намудаанд. Ҳамзамон, дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ», ки аз ҷониби вакилон Ҳақдодов М.М., Алиев Ҳ.Х. ва Ҳисориев М.И. пешниҳод шудааст, қарор дорад.
Яке аз нуқтаҳои Барномавӣ ин таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии хушсифат мебошад. Дар ин самт бо мақсади муайян намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии масъала Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» қабул гардид. Дар самти боло бурдани шуури экологии аҳолӣ бошад, вакилон – аъзои фраксия тавассути ВАО корҳои муайянеро анҷом додаанд. Дар самти ҷорӣ намудани ислоҳоти судӣ бошад, кайд намудан бамаврид аст, ки вакилон дар самти ба судҳо вогузор намудани салоҳияти додани иҷозат барои барои ҳабси пешакии шахси гумонбар фаъолона иштирок намуда, онро ҷонибдорӣ намуда буданд, ки имрӯз аллакай амалӣ гашта истодааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби вакилон Ватанов М.М. ва Ҳакимова Х.Ф. лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» пешниҳод ва қабул гардид, ки он дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва ҳимояи онҳо аҳамияти калон дорад. Дар баробари ин аз ҷониби вакил Ҳакимова Х.Ф. бо мақсади аз байн бурдани мухолифат байни Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намуд, ки он имрӯз мавриди амал қарор дорад. Ҳамчунин, бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки яке аз нуқтаҳои барномавӣ маҳсуб меёбанд, як қатор қонунҳои ҳаётан муҳим қабул карда шуданд, ки амалӣ гаштани онҳо баҳри таъмини принсипи конститутсионӣ дар бораи арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он мебошад.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби аъзои Фраксия Ғаффорова Н.А. ва аъзои гурӯҳи беҳизбиён Шоҳиён Ш., Холов С. ва Гиёев дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» дар таҳрири нав таҳия ва қабул гашт. Дар самти таъмини истиқлолияти озуқаворӣ вобаста ба таҳкими заминаи ҳуқуқии масъала бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз вакилон- аъзои Фраксия Миралиев А., Раҷабов С.Х., Алиев Ҳ.Х., ва Гулов С. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» пешниҳод ва қабул гардид, ки дар он салоҳияти мақомоти гуногуни давлатӣ дар самти таъмини амнияти озӯқаворӣ муайян карда шудааст. Ҳамзамон, ҷиҳати ривоҷ додани соҳаи тухмипарварӣ, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳо ва тақвият бахшидани заминаи ҳуқуқии он аз ҷониби вакилон-аъзои Фраксия Ҳакимова Х.Ф. ва Фелалиев А.С. ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод ва қабул гардиданд.
Дар самти таҳким бахшидан ба асосҳои маънавии ҷомеа мустаҳкам намудани асосҳои оила хеле муҳим мебошанд. Бо ин мақсад ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба тағйиру иловаҳо ворид гаштанд, ки тибқи онҳо синни никоҳ аз 17 ба 18 боло бурда шуда, шартҳои нав барои никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ муайян шуданд. Дар ин радиф метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро низ номбар намуд, ки баҳри тарбияи инсони комил, таҳкими мақоми оила дар тарбияи насли наврас ва боло бурдани масъулияти падару модар ва мақомоти гуногуни давлатӣ дар тарбияи фарзанд аҳамияти муҳим дошта, дар ташаккули қонунгузории миллӣ низ таҷрибаи хуб аст.
Боиси ёдоварист, ки имрӯз дар ҷомеа атрофи зуроварӣ дар оила гуфтугузорҳо ва баҳсу мулоҳизаҳо зиёданд, ки худ ифодагари мавҷудияти мушкилии мазкур мебошад. Бо мақсади танзими ҳуқуқии пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин самт лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз ҷониби вакилон Хайриниссо Юсуфӣ, С.Муқумова, Х.Ҳакимова ва Н. Маҳмудов бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод гардид. ҲХДТ рушду нумӯи арзишҳои миллиро сиёсати хеш қарор додаст.
Бо мақсади тақвият бахшидани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа Конвенсия оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ба тавсиб расид. Бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди китобдорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» аз ҷониби вакилон Хидирова М.У. ва Н.Қосим пешниҳод гардид ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд. Инчунин, бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи фарҳанг аз ҷониби вакилон Хидирова М.У., Низом Қосим ва Ҷонов Н. лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» пешниҳод шуда, имрӯз мавриди қабул қарор дорад.
Ҷавононро ҳамчун ояндаи давлати соҳибистиқлол эътироф намуда, баҳри ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба илму донишҳои дунявӣ, тарбияи насли навраси худшиносу худогоҳ, пешгирии амалҳои номатлуб ва экстремизму терроризм дар байни ҷавонон тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз чониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ҷабборова ва М.Хидирова пешниҳод карда шудааст, баҳри такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа аҳамияти калон дорад. Чуноне, ки Барномаи ҳизб муайян намудааст, ҲХДТ ҷонибдори фазои озоди иттилоотии кишвар буда, ҳамзамон баҳри таъмини амнияти итиллоотии мамлакат талош хоҳад кард. Бо ин мақсад аз ҷониби аъзои Фраксия Салимзода О. ва Фелалиев А.С. лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» дар таҳрири нав пешниҳод карда шуда, дар баррасии Маҷлиси намояндагон қарор дорад.
Самти дигари Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ – ро мубориза ба муқобили коррупсия ташкил медиҳад. Дар ин самт дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ вакилон аъзои Фраксия дар муҳокимаҳои парлумонӣ вобаста ба иҷрои Буҷети давлатӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ба вазорату идораҳои давлатӣ тавсияхо медиҳанд. Ҳамчунин, бо мақсади такмили қонунгузории амалкунанда дар соҳаи мубориза бо коррупсия аз ҷониби вакилон-аъзои Фраксия Ғаффорова Н.А., Амиршоева С.С. ва Баракатулло Атохоҷа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пешниҳод карда шудааст.
Дар давраи фаъолияти худ аз ҷониби Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, илм, маориф фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон се муҳокимаи парлумонӣ барпо гашт, ки дар онҳо иҷрои буҷети ҷумҳурӣ вобаста ба соҳаҳои муайян баррасӣ пешниҳод карда шудааст. Дар Барномаи пешазинтихоботӣ дар самти аз байн бурдани мухолифат байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда вакилон-аъзои Фраксия корҳои муайянеро анҷом доданд.
Бо ин мақсад аз ҷониби аъзои фраксия Шабозов М.Ш., Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи давлатӣ», Ғаффорова Н.А., Муқумова С.А., Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Амиршоева С.С., Баракатулло А. «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти дактилоскопӣ», Раҷабов С. Р., Раҷабов С.Х. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Алиев Ҳ.Х.. Гулов С. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», Акилов Н.И. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ», Шабозов М.Ш., Саидмуродов Л., Ҷабборова М.Т. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳибкорӣ»,, Маҳмадалиев А.Т., Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми ҳимояи Ватан ҳалок гаштаанд», Қурбонов Б.Х. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа», Каримов М., Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ», Самадов Ш.Д. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Раҷабов С.Р, Афзалшоева Б. ва Саъдуллоев Ҳ. лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Раҷабов С., Рабиева Г.Р. лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» таҳия шудаанд, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гаштаанд ва ё дар баррасӣ қарор доранд.
Фаъолияти аъзои фраксия дар ин самт баҳри таъмини фазои ягонаи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Таҳлили Барномаи ҲХДТ нишон медиҳад, ки ҳадафҳои дар он дарҷёфта зина ба зина амалӣ гашта истодаанд. Ин бошад собит месозад, ки ин барнома пешниҳоднамудаи ҳизб, воқеан ҳам барномаи амал аст.
Ҳамзамон, баҳри пурра амалӣ гаштани он моро лозим аст, ки тибқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои барномавӣ ба шумор меравад, баҳри таҳкими заминаҳои ҳуқуқии рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа кӯшиш намоем. Баҳри ин тақвияти бештари фаъолияти қонунгузорӣ лозим мебошад.
Таҳлили фаъолият ва нақши аъзои Фраксия дар амалинамоии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ нишон медиҳад, ки имрӯз ҳар як вакил-аъзои Фраксия кӯшиш дорад, то дар доираи ваколатҳои худ дар амалӣ намудани ҳадафҳои ҳизб саҳми муносиби худро гузорад.