Тоҷ | Рус | Eng

 апр   мая 2013   июн

ВcПнВтСрЧтПтСб
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Blog High Level Synthesis


info@parlament.tj

ДАХЛНОПАЗИРИИ ВАКИЛОН

Ҳуқуқ, вазифа, масъулият ва кафолатҳои ҳуқуқию иҷтимоии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон намояндаи ваколатдори халқ мебошанд.Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон салоҳияти қонунгузорӣ ва дигар салоҳиияте, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва қонунҳо муқаррар намудаанд, амалӣ мекунанд. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба мӯҳлати 5 сол интихоб ва таъин мешаванд. Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз рӯзи тасдиқ намудани ваколати онҳо аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси Олии даъвати нав қатъ мегардад.

 Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои зерин пеш аз мӯҳлат қатъ мегарданд: 1) ҳангоми вафот; 2) истеъфо; 3) ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд; 4) ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд; 5) қатъи шаҳрвандӣ; 6) тарки доимии ҷумҳурӣ; 7) ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест; 8) парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон. Вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доимӣ иҷро мекунад. Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон метавонанд дар кори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, иштирок намоянд, дар муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба салоҳияти вакилиашон ширкат варзанд, таклифу дархостҳо пешниҳод кунанд. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бояд меъёрҳои одоби вакилиро риоя намоянд.

Масъулият барои вайрон кардани меъёрҳои одоби вакили мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон муқаррар карда мешавад. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон вазифадоранд дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоянда¬гон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иштирок намоянд. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар асоси муҳокимаҳои дастаҷамъию баробарҳуқуқӣ ва озодона масъалаҳоеро, ки мувофиқи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мансубанд, баррасӣ ва ҳал мекунанд.
 

Ҷаласаи МН
 
Хабарҳо
 

Китобхона
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ахбори навтарин...