Тоҷ | Рус | Eng

 апр   мая 2013   июн

ВcПнВтСрЧтПтСб
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
VLSI Behavioral Synthesis


info@parlament.tj

СУХАНИ ИФТИТОҲИИ РАИСИ МН МО ҶТ

       Вакилони арҷманд, қабл аз ҳама мехоҳам миннатдории самимии худамро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи нахустини Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон иброз намоям ва аз интихоби шумо маро ҳамчун Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ибрози қадрдониву ташаккур менамоям.

       Ман дар тӯли 18 соли охир дар паҳлӯи Президенти мӯҳтарам дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият кардам ва аксарияти ин солҳо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон будам. Мо солҳои бисёр вазнин ва душворро аз сар гузаронидем ва ҳолатҳои бисёр мушкил ҳам ба сари шахсан ман дар ин муддат омада буданд, аммо ҳамавақт дастгирӣ, пуштибонӣ ва ғамхории Президенти мӯҳтарами кишварамонро эҳсос мекардам ва аз насиҳату маслиҳатҳои Ҷаноби Олӣ бархӯрдор будам, то ба ин рӯзи нек расидем.

       Вакилони гиромӣ, мо дар ҳолате кор ва фаъолият мекунем, ки кишвари азизамон, мардуми шарифи мо масъалаҳои бисёр тақдирсозро бояд дар солҳои наздик ҳаллу фасл намояд. Ман ҳамчун Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва такя ба донишу маҳорати ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагон кӯшиш мекунем, ки қонун ва қарорҳоеро ба тасвиб расонем, ки кишвари азизамон дар кӯтоҳтарин муддат ба истиқлолияти энергетикӣ, истиқлолияти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ ноил гардад ва боварӣ дорам ҳайате, ки имрӯз интихоб шудааст, метавонад ин вазифаи пуршарафро бо сарбаландӣ иҷро намояд.

       Ман аз ин фурсат истифода бурда, мехостам имрӯз, гарчанде ки Президенти мамлакат дар Паёми охиринашон ба Маҷлиси Олӣ гуфта буданд, бори дигар аз номи ҳамаи шумо ба вакилони Маҷлиси намояндагоне, ки дар даъвати қаблӣ хеле фаъолона кор карданд ва дар симои онҳо ба мӯҳтарам Сайдулло Хайруллоев миннатдорӣ ва арзи сипос кунам ва боварӣ дорам, таҷрибае, ки мӯҳтарам Сайдулло Хайруллоев дар давоми ду даъвати роҳбариашон ба Маҷлиси намояндагон доранд, истифода хоҳем кард.

       Ба ҳамаи шумо барори кор ва муваффақият орзумандам.



Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон: Шукурҷон Зуҳуров                                                                                                 

 

Ҷаласаи МН
 
Хабарҳо
 

Китобхона
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ахбори навтарин...