Тоҷ | Рус | Eng

 май   июня 2013   июл

ВcПнВтСрЧтПтСб
   1
  2  3  4  5  6  7  8
  9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
ASIC ESL


info@parlament.tj

ДАВЛАТАЛӢ ДАВЛАТЗОДА

  

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ, № 9.

2 феврали соли 1947 дар ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, номзади илми таърих.

Дар вазифаҳои тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Сурия, тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Мисри Араб, ходими илмии кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ходими илмии Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР, дар сохторҳои гуногуни Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кор кардааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои якум (1995 - 2000) ва дуюм (2000 - 2005). Раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳи ҷамъиятӣ ва иттилоот. Узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон.

Дорандаи орденҳои «Шараф», «Нишони фахрӣ», «Нишони ҷасорати ҳарбӣ», медали тиллоии «Дарахти дӯстӣ», медали ҷашнии «20 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «10- солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

 

Ҷаласаи МН
 
Хабарҳо
 

Китобхона
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ахбори навтарин...