Тоҷ | Рус | Eng

 мар   апреля 2013   май

ВcПнВтСрЧтПтСб
   1  2  3  4  5  6
  7  8  910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
SVTechie Resources


info@parlament.tj

Аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон
  

          Аъзои Шӯрои Маҷлси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 4 январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, масъалаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳоро баррасӣ карданд.

          Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» мавриди баҳсу баррасии аъзои он қарор гирифтанд.

         Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов, Марҳабо Ҷабборова ва Маҳмадалӣ Ватанов роҷеъ ба масъалаҳои ба рӯзномаи Шӯро воридгардида, суханронӣ намуда, мақсад аз таҳия ва пешниҳоди онҳо барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагонро амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти тамоми муассисаҳои таълимӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ, ташкили ҷойҳои холии корӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмон ва ташкилоти байналмилалӣ арзёбӣ карданд.

          Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон.
 

Ҷаласаи МН
 
Хабарҳо
 

Китобхона
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ахбори навтарин...