|
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ПАРЛАМЕНТ)
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон: ● Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент; ● Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ; ● Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ; ● Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ; ● Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ; ● Таъини раъйпурсӣ; ● Таъсиси судҳо; ● Тасдиқи рамзҳои давлатӣ; ● Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ; ● Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ; ● Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва унвонҳои махсус; ● Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд. Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташ қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад. Иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми аст. Маҷлиси намояндагон қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияхоро дар сурати ба Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои ҶТ мувофиқат накардани онҳо бекор мекунад. Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешӣ ва масъулият дар назди халқ ба амал мебарорад. Маҷлиси намояндагон ҳокимияти қонунгузориро ба амал бароварда, санадҳои зерин қабул мекунад: қонунҳои конститутсионии ҶТ; қонунҳои ҶТ қарорҳо. Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва Қонуни Конститутсионии ҶТ "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ" 28 феврали соли 2010 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он мувофиқи протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ, 3 миллиону 289 ҳазору 377 нафар интихобкунандагон ширкат карданд, ки 90,3 фоизи интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Ба рӯихати овоздиҳии рӯзи 28 феврал дар 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ 138 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида буд. Аз ин теъдод тибқи натиҷаи ҷамъбасти интихобот, 40 нафар вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуданд. Дар ҳавзаи якмандатии Конибодом рақами 19 рӯзи 14 марти соли 2010 овоздиҳии такрорӣ баргузор карда шуд. Ҳамин тариқ, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб гардиданд. Дар байни вакилони Маҷлиси намояндагон 45 нафар аъзои Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон, 2 нафар аъзои Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, 2 нафар аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, 2 нафар аъзои Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, 2 нафар аъзои Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва 10 нафар ғайриҳизбӣ мебошанд. 12 нафар вакилони Маҷлиси намояндагонро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии вакилон 12 нафар номзадҳои илманд. 1 нафар арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 6 нафар корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 22 нафари дигар бо ордену медалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд. Дар Парламент аз рӯи ихтисос 16 нафар ҳуқуқшинос, 14 нафар иқтисодчӣ, 14 нафар муҳандис, 8 нафар омӯзгор, 4 нафар агроном-зоотехник, 2 нафар рӯзноманигор, 2 нафар биолог, 1 нафар шарқшинос, 1 нафар духтур ва 1 нафар аз рӯи ихтисоси корманди равобити байналмилалӣ фаъолият доранд. Дар Маҷлиси намояндагон 61 нафар вакилони миллаташон тоҷик ва 2 нафар вакилони миллаташон ӯзбек фаъолият доранд. Аз ҷиҳати синну сол аз 30 то 40 – 1 нафар, аз 40 то 50 – 21 нафар, аз 50 то 60 – 35 нафар ва аз 60 болоро 6 нафар ташкил медиҳанд.
|