|
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 1 июни соли 2011 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карданд.
Дар баромади муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Норинов ва вакили Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов оид ба ин масъала таъкид шуд, ки мақсади таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон муайян намудани масъалаҳо оид ба вазъи ҳуқуқӣ, ваколат, сохтори ташкилӣ,вазифа, ҳуқуқ, ӯҳдадориҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби ин мақомот мебошад. Тибқи қонуни мазкур, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ваколати он вобаста ба гузаронидани аудити мустақил ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад. Зикр гардид, ки Палатаи ҳисоб инчунин аудити мустақили берунаро оид ба баҳодиҳии буҷети давлатӣ анҷом дода, пешниҳодотро ҷиҳати такмили он омода сохта, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд. Палтаи ҳисоб ҳуқуқ дорад татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи молияи давлатӣ ва истифодабарии моликияти давлатӣ арзёбӣ намуда, аз рӯи натиҷаҳои он хулосаҳои худро пешниҳод намояд. Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи ҳамкорӣ оид ба таъмини ченакҳои ягона дар қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созишнома оид ба гузаронидани сиёсати мувофиқашуда дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия аз 3 ноябри соли 1995 ва Созишномаи тартиби таъминоти молиявӣ, техникӣ ва ақибгоҳии фаъолият ва ҳайати Қувваҳои дастаҷамъии нигаҳдори сулҳ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидхон Ҷӯрахонов ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода роҷеъ ба лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта» баромад намуда, иброз доштанд, ки Қонуни мазкур барои пешгирии қонуншиканӣ, дар самти ташкил ва гузаронидаи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо мусоидати ҳамаҷониба мекунад. Таҳлилу такмили ҳамаҷонибаи он ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани онро бошад, худи воқеияти рӯзгор тақозо дорад. Меъёрҳои пешниҳодшуда вазифаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вобаста ба муҳофизати тартибот ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ, пешгирии бетартибиҳои оммавӣ ё ҳаракатҳои гурӯҳие, ки ба кори нақлиёт, алоқа, корхона, муассиса ва ташкилот халал ворид мекунанд, возеҳу равшан сохтааст. Дар баромади муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакил Насрулло Маҳмудов аз рӯи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 ва аз 24 апрели соли 2010 оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ва баланд бардоштани сифати тухмӣ, бартараф намудани мухолифати байни қонунҳо, мукаммал ва мутобиқ намудани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта» ҳамчунин таъмини ҳимояи озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» пас аз суханрониҳои муовини вазири корҳои дохилӣ Саидхон Ҷӯрахонов ва намояндаи мардумӣ Сайфулло Гиёев вакилон қабул шуд. Зикр гардид, ки мақсади асосии пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон такмил ва мутобиқгардонии он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта», инчунин таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур, пеш аз ҳама, барои возеҳу равшан намудани вазифаҳои кормандони мақомоти милитсия дар рафти пешгирии бетартибиҳои оммавӣ ё ҳаракати гурӯҳҳое, ки ба кори нақлиёт, алоқа, корхона, муассиса ва ташкилотҳо халал ворид мекунанд, мусоидат хоҳад кард. Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов ва вакил Сабоҳат Муқумова Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» бо мақсади асосҳои ҳуқуқии танзими шуғли аҳолӣ, тартиби аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расонидани кӯмакҳои молиявӣ ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки хоҳиши ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд, шартҳо ва мӯҳлати пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, тартиби тамдиди мӯҳлати пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандони дорои собиқаи корие, ки ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи ҳамкорӣ оид ба таъмини ченакҳои ягона дар қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созишнома оид ба гузаронидани сиёсати мувофиқашуда дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия аз 3 ноябри соли 1995 ва Созишномаи тартиби таъминоти молиявӣ, техникӣ ва ақибгоҳии фаъолият ва ҳайати Қувваҳои дастаҷамъии нигаҳдори сулҳ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ пас аз баромади раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов ва вакилон Мунаввара Кенҷаева ва Саодат Амиршоева тасдиқ шуданд. Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон. |