Тоҷ | Рус | Eng

 апр   мая 2013   июн

ВcПнВтСрЧтПтСб
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
VC Funding High Level Synthesis


info@parlament.tj

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати Ҷумҳурии Халқии Хитой
  

     Имрӯз, 6 – уми июни соли 2012 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сардори Ситоди генералии артиши халқӣ-озодихоҳи Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҷаноби Чэн Бинде ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд.

     Шукурҷон Зуҳуров ташрифи Ҷаноби Чэн Бинде ва ҳайати Ҷумҳурии Халқии Хитойро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки барои мардуми Тоҷикистон Хитой ҳамчун кишвар ва ҳамсояи боэътимод ва мӯҳтарам ба шумор меравад.

     Раиси Маҷлиси намояндагон ташрифи меҳмонони олимақомро ба бинои парлумони Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ намуда, ин боздидро омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус арсаи низомӣ арзёбӣ кард. Мавсуф нахуст ба меҳмонон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ҳамзамон изҳор дошт: «Барои мо мояи ифтихори бузург аст, ки парлумони мамлакатамон бо бештари парламентҳои кишварҳои мутаррақии ҷаҳон, аз ҷумла Маҷлиси Умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамкорӣ ва муносиботи хуб дорад. Бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламенти Хитой таъсис дода шудааст».

     Шукурҷон Зуҳуров дар идомаи сӯҳбат илова намуд, ки мардум ва миллати тоҷик ба мавқеи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати эътирофи кишвари мо ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол баҳои баланд медиҳад. Хитой ягона кишвари абарқудрат буд, ки аз аввалинҳо шуда, истиқолоияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва барои барқарории алоқаҳои дипломатии дуҷониба бо ҷумҳурии мо изҳори омодагӣ кард.

     «Бо таваҷҷӯҳ ба иқтидори бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва соҳиби таҷрибаи ғании азнавсозии кишвар, қабл аз ҳама вобаста ба гузариш ба муносиботи бозорӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи арзишмандеро ишғол менамояд»,- гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон ва афзуд, ки анҷоми боздидҳои бесобиқаи расмӣ ва дӯстонаи сарони ду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар, имзои асноди гуногуни ҳамкорӣ, ки барои мардум ва миллати ин кишварҳо тақдирсоз буда, асоси баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягии ҳасана, эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимод ва мавқеъҳои муштаракро дар бар мегиранд, нишонаи мавҷуд будани ҳамкориҳои дӯстона ва дорои сатҳи баланд мебошад.

     Шукурҷон Зуҳуров изҳори боварӣ кард, ки риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ҷумҳуриҳои мо то ҳаде қавӣ аст, ки дар ин миён ҳеҷ гуна мушкилоти ҳалношуда вуҷуд надорад. Дар доираи ҳамсоягии хуб ва афкори солим масъалаи нишонагузории марзи муштараки ду кишвар ҳалли худро ёфт ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ин замина Созишномаи ҳамкориро низ тасдиқ намуд.

     Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва барномаҳои муштараки дар кишвари мо мавриди иҷро қарордошта сӯҳбат намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмак ва сармояи Ҷумҳурии Халқии Хитой зиёда аз 50 тарҳи муштарак дар бахшҳои иқтисод, бахусус дар заминаи энергетика ва коммуникатсия дар ҳоли иҷро қарор дорад. Самти афзалиятноки ҳамкории ду кишвар ин соҳаи энергетика, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои нав ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, таъмир ва бозсозии нерӯгоҳҳои мавҷуд дар Тоҷикистон мебошад. Сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақаӣ дошта, ки тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро дар тамоми фасли сол бо ҳам пайваст карда, ҳамзамон кишвари моро бо роҳҳои баҳрӣ муттасил мекунанд, бомаром идома доранд. Густариши ҳамкориҳои тарафайн дар ҳамаи соҳаҳо омили асосии афзоиши ҳаҷми тиҷорат байни ду кишвари ҳамсоя мебошад.

     Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Душанбе ва Пекин изҳори назар намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар ҷумҳуриҳои мо фазои мусоид барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ вуҷуд дорад, ки ин иқдом метавонад ҷиҳати ба ҳам наздикшавии ду миллати тоҷику хитоӣ кӯмак намояд. Иштироки ҳайатҳои фарҳангии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Хитой дар чорабиниҳои мухталифи фарҳангии минтақаҳои гуногуни кишварҳои якдигар ва баргузории рӯзҳои фарҳанги ҳарду кишвар дар ҷумҳуриҳои ҳамдигар, ки мо дар тӯли равобити худ шоҳиди иттифоқ афтодани чунин ҳолатҳои фараҳбахш шудаем, ба раванди ҳамкориҳои фарҳангии мо такони тоза мебахшад. Бояд гуфт, ки то кунун байни ҷумҳуриҳои мо 150 санади меъёрии ҳуқуқии дуҷониба ба имзо расидааст, ки Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳамҷавории нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ муҳимтарини ин аснод ба шумор меравад.

     «Муносиботи кишварҳои мо ҳамчунин дар дигар бахшҳо, аз ҷумла дар заминаҳои амниятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, фарҳанг, илму маориф ва дигар бахшҳо дар ҳоли рушду инкишоф қарор дорад»,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва таъкид намуд, ки дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай тибқи квотаи тахсисдодаи Ҷумҳурии Халқии Хитой барои Тоҷикистон, ҳоло 950 нафар аз донишҷӯёни кишвари мо дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурии шумо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

     Раиси Маҷлиси намояндагон дар идома илова намуд, ки мо шоҳиди он ҳастем, ки 30 сол пеш Ҷумҳурии Халқии Хитой низ ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ мувоҷеҳ буд ва бо интихоби самти дуруст ва самарабахш ин кишвар ба яке аз ҷумҳуриҳои абарқудрат ва мутараққии ҷаҳон табдил шуд. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Хитой кишварҳои шарқӣ ҳастанд ва кишварҳои шарқӣ дорои арзишҳои зиёди муштарак мебошанд. Дар ин замина мо бояд таҷрибаи модернизатсияи иқтисодӣ ва рӯҳияи меҳнатдӯстии миллати шуморо мавриди омӯзиш қарор диҳем.

     Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой дар доираи созмонҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори назар намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки кишварҳои мо аҳдофи муштараки стратегӣ доранд. Байни ҳарду кишвар мавқеи наздик ва муштарак дар бештари мушкилоти байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар заминаи ҷорӣ намудани ислоҳот дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Амният вуҷуд дорад. Бояд тазаккур дод, ки муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой натанҳо аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурии мо аст, балки яке аз шартҳои бунёдӣ ҷиҳати таъсиси базаи моддиву техникии кишвари соҳибистиқлол ва ҷовони Тоҷикистон ба шумор меравад.

     Ба андешаи Раиси Маҷлиси намояндагон, дар шароити кунунии ҷаҳонӣ бидуни таъмини амнияти комил ҳеҷ кишваре арзи ҳастӣ карда наметавонад, аз ин рӯ ҳамкориҳои кишварҳои мо дар ин замина ба таври қобили қабул ҳам дар доираи иштироки ҷумҳуриҳои мо дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҳам дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Хитой инкишоф меёбад. Дар давоми тақрибан 20 соли ҳамкорӣ заминаҳои бисёр хуб дар бахши амниятӣ эҷод шудаанд. Имзои созишномаҳои дуҷониба ҳам дар сатҳи ҳукумат ва ҳам дар сатҳи Вазоратҳои мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад. Таъкид шуд,ки аз соли 1994 то соли 2012 аз ҷониби Хитой ба Вазорати мудофиаи кишвари мо кумакҳои зиёд расонида шудааст. Fайр аз ин, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳар сол ба дигар сохторҳои қудартии кишвари мо кӯмак менамояд.

      Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба иқдомҳои башардӯстони ҷониби Хитой ба ҷаноби Чэн Бинде изҳори миннатдорӣ ва арзи сипос намуда, таъкид кард, ки кӯмакҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой аллакай натиҷаҳои мусбии худро ба бор овардаанд ва ҳоло минтақаи аз ҳама ороми марзии Тоҷикистон ин марз бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ба шумор меравад. Мо умедвор ҳастем, ки ин ҳамкориҳо беш аз пеш ба хотири таъмини амният ва суботу оромии кишварҳои мо густариш ёфта ва марзи муштараки мо ҳамчун марзи сулҳу дӯстӣ боқӣ хоҳад монд.

     Раиаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи меҳмононро ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ҷалб намуда, таъкид дошт, ки мо борҳо изҳор доштаем, ки вазъият дар Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва ин қазия танҳо бо роҳи мусолиматомез ва гуфтушунид метавонад ҳал гардад. Мо ҷонибдори бо роҳи осоишта ҳал шудани вазъият дар ин кишвар ҳастем ва то замоне, ки вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ба эътидол наояд, мо ором буда наметавонем, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Афғонистон тақрибан 1400 километр марзи муштарак дорад.

     Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин алоқамандии Маҷлиси намояндагонро ҷиҳати тақвияти равобит бо парлумони Ҷумҳурии Халқии Хитой иброз дошта, ҳамзамон таъкид намуд, ки парламенти Тоҷикистон ҳанӯз ҷавон аст ва ниёз ба омӯзиши таҷрибаи парламентҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитойро дорад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки вохӯрии имрӯза барои таҳкими муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳамаи соҳаҳо заминаи тозаеро фароҳам хоҳад овард.

     Сардори Ситоди генералии артиши халқӣ-озодихоҳи Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҷаноби Чэн Бинде низ аз сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар заминаи амниятиву низомӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дорои зарфиятҳои бештари барқарории равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ин кишвар ҳар замон омода аст, ки аз ин зарфиятҳо барои миллату мардуми Тоҷикистони дӯсту ҳамҷавор истифода намояд.

     Мавсуф ҳамчунин тақвияти муносиботи кишвараш дар бахши низомиву амниятӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таъмини амният ва сулҳу субот дар кишварҳои якдигар ва ҳифзи марзи муштарак муҳим арзёбӣ кард.

     Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Ҷаласаи МН
 
Хабарҳо
 

Китобхона
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ахбори навтарин...