Тоҷ | Рус | Eng

 апр   мая 2013   июн

ВcПнВтСрЧтПтСб
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Techies Resources High Level Synthesis


info@parlament.tj

РАИСИ МН МО ҶТ
 

Зуҳуров Шукурҷон 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, Академияи идоракунии Федератсияи Россия ва Донишгоҳи муҳандисӣ - заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.

Дар вазифаҳои муҳандис - заминсози ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, сардори шӯъбаи истифодаи замин ва заминсозии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои собиқ вилояти Қурғонтеппа, инструктор, мудири шӯъба ва котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

 Зуҳуров Шукурҷон аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намуда, дар ду давраи аввал (Москва, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат буд. Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси Зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ кор кардааст. Ӯ дар як вақт, аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангро иҷро намудааст.

Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995 - 2000).

Хизматҳои шоёни Зуҳуров Шукурҷон бо орденҳои «Дӯстӣ», «Шараф», медал ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнии «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шудааст. 

Зуҳуров Шукурҷон 28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт, № 12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва 16 марти соли 2010 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Президенти гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Байнипарламентии ҷаҳон низ мебошад.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.  

 

Ҷаласаи МН
 
Хабарҳо
 

Китобхона
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ахбори навтарин...