|
МИРАЛИЕВ АМИРШО МУОВИНИ АВВАЛИ РАИСИ МНМО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 20 декабри соли 1946 дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1964 ба сифати устои гилкор дар «Ремстройпрорабство»-и ноҳияи Данғара оғоз намудааст. Солҳои 1965-1970 донишҷӯи факултаи агрономии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон буд. Солҳои 1970-1972 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун лейтенанти калон ба сифати қумондони взводи тирандозӣ дар кишвари Приморе адои хизмат кард. Аз соли 1972 то соли 1980 дар кори комсомолӣ – инструктор, мудири шӯъбаи ташкилотҳои комсомолии кумитаи комсомолии ноҳияи Данғара, инструктор, мудири бахш, муовини мудири шӯъба, мудири шӯъбаи коргарҷавонон ва ҷавонони деҳоти КМ ИЛКҶ Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 1980-1986 ба сифати инструктори комиссияи назорати ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1986-1988 дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Ленинград таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси сиёсатшинос шуд. Сипас чанд муддат ҳамчун узви комиссияи назорати ҳизбии КМҲК Тоҷикистон фаъолият намуда, бо тавсияи КМҲК Тоҷикистон барои кор ба ноҳияи Москва фиристода шуд ва то охири соли 1994 вазифаи котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1991-1994 аввал Раиси Шӯро, баъд раиси Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Москва буд. Моҳи декабри соли 1994 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо таъин гардид. Аз моҳи марти соли 2000 то моҳи феврали соли 2001 вакил, раиси Комиссия Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон буд. Аз моҳи феврали соли 2001 то моҳи декабри соли 2006 Раиси вилояти Хатлон буд. Моҳи декабри соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 10 марти соли 2010 дар ин мансаби олии давлатӣ ифои вазифа намуд. Тӯли фаъолияти меҳнатиаш дар мақомоти намояндагӣ-депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1990-1992), вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1995-2000), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2000-2001), узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2001-2010) интихоб шудааст. Хизматҳои шоистаи Миралиев Амиршо бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени ба номи Исмоили Сомонӣ дараҷаи II, медали «Барои меҳнати шоён», медали ҷашни «10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашни «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. 28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ҷаласаи нахустини Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Роҳбари гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.
ҒАФФОРОВА НАЗИРА АБДУЛЛОЕВНА МУОВИНИ РАИСИ МНМО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24-уми марти соли 1961 дар ҷамоати деҳоти Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1982 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1982-1992 ба ҳайси ассистент ва аспиранти кафедраи «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика»-и ҳамин Донишгоҳ кор ва таҳсил намудааст. Солҳои 1992-1997 дар «Маслиҳатгоҳи ҳуқуқдонҳо»-и ш. Чкалов чун адвокат адои вазифа намуд. Солҳои 1997-2001 дар вазифаи мудири кафедраи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва солҳои 2001-2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси дотсент, мудири кафедра, и.в. декани факултаи ҳуқуқшиносӣ фаъолият дошт. Соли 1994 соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид. Мавсуф муаллифи беш аз 50 мақолаи илмӣ-назариявӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ мебошад. Аз моҳи феврали соли 2007 то январи соли 2008 вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба ӯҳда дошт. 26 январи соли 2008 ба вазифаи ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то 10 марти соли 2010 дар ин вазифа фаъолият намуд. Савияи дониши худро дар Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон баланд гардааст. Ғаффорова Назира бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии «20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст. 28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров №14 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ҷаласаи нахустини Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Роҳбари гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон дар Иттиҳоди парлумонҳои Осиё мебошад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст. Тел. 221-11-10 (кори) ШАБОЗОВ МИРГАНД ШАБОЗОВИЧ МУОВИНИ РАИСИ МНМО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 26 июни соли 1952 дар деҳаи Нишуспи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 1969 баъди хатми мактаби миёнаи №1 ноҳияи Шуғнон ба факултаи механикаю риёзиёти Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1974 бомуваффақият хатм намудааст. Аз моҳи сентябри соли 1974 ба сифати ассистенти кафедраи таҳлили риёзии ҳамин Донишгоҳ кор кардааст. Соли 1976 ба аспирантураи Институти математикаи Академияи илмҳои Украина (ш. Киев) дохил шуда, моҳи октябри соли 1980 рисолаи номзадиашро дифоъ намуд. Аз моҳи январи соли 1980 аввал ба сифати ассистенти кафедра ва соли 1981 муаллими калон, аз соли 1983 то 1993 ба сифати дотсенти кафедраи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1993 то соли 1996 докторанти Институти математикаи Академияи илмҳои Украина (ш. Киев) буд. Моҳи ноябри соли 1996 баъди дифои рисолаи докторӣ фаъолияти меҳнатиашро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома дода, то моҳи декабри соли 1998 ба ҳайси профессори кафедраи таҳлили риёзӣ кор кардааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 1998 ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъин шуда, то моҳи марти соли 2005 дар ин вазифа фаъолият намудааст. 4 - уми марти соли 2005 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, то 10 марти соли 2010 фаъолият намудааст. Хизматҳои шоистаи Шабозов Мирганд бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии «20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст. 28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ №41 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ҷаласаи нахустини Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Узви Гурӯҳи парламентии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии ЕврОсиё мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст. Тел. 221-53-42 (кори)
|