Вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доимӣ иҷро мекунад. Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ. Вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳақ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад. Вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят. Вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахси қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ҳал карда мешавад. Ваколати вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани он аз ҷониби суд, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ, тарки доимии ҷумҳурӣ, парокандашавии Маҷлиси намояндагон ва вафоти он қатъ мегардад. Вакили Маҷлиси намояндагон шаҳодатномаи вакил ва нишони сарисинагии вакили Маҷлиси намояндагон дорад, ки аз онҳо дар давоми мӯҳлати ваколатҳояш истифода мекунад. Маоши вазифавии вакили Маҷлиси намояндагонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. |