Маълумоти мухтасар дар бораи китобхона
“Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 таъсис дода шудааст. Ҳарчанд ин махзани маърифату иттилоъ дорои осори зиёди адабию тахассусӣ буд, вале баъд аз ба фаъолияти касбӣ шурўъ намудани парламенти тоҷик зарурати таъмин ва такмили китобхона афзуда, шумораи китобҳо ва хонандагонаш низ зиёд гардид.
Масъалаи асосии фаъолияти китобхона аз ташаккули фонди китобҳо, рўзномаву маҷаллаҳо, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва нашрияҳои дигар оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ва парламентаризм иборат буда, ба хизматрасонии ҳамаҷонибаи иттилоотӣ ба роҳбарият, вакилон, мушовирон, кормандони Дастгоҳи МН МО ҶТ ва дигар ихтисосмандони соҳаи ҳуқуқ нигаронида шудааст.
Айни замон фонди умумии китобхона иборат аз 17200 нусха адабиёти гуногунсоҳа мебошад. Дар китобхона инчунин 4326 адад китобҳои мухталиф, аз ҷумла 1200 адад китобҳои бадеӣ, 1360 адад китобҳои соҳаи ҳуқуқ, 160 адад китобҳои соҳаи иқтисод, 600 адад китобҳои соҳаи таърих, 300 адад китобҳои дигар, 400 адад китоб ба забони англисӣ, 1026 адад маҷалла, 2100 ахбору ведомостҳои ИДМ, 170 адад луғат, 136 адад энсиклопедия, 96 адад автореферат, 1180 “Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 4450 адад маҷмӯа, маълумотнома, қарор, феҳрист ва маводи гуногун маҳфуз ҳаст.
Китобхона бо китобхонаҳои парламентии Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои дигари ИДМ ҳамкорӣ дошта, дар ҷараёни он ба якдигар нусхаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои амалкунанда, шартномаву созишномаҳо, рўзномаву маҷаллаҳо ва дигар адабиёти расмиро мунтазам дастрас менамоянд. Онҳо аз нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ баҳраманд мебошанд.
Китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзномаҳои “Садои мардум”, “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Аргументы и факты”, “Тоҷикистон”, “Боҷу хироҷ”, “Азия плюс”, “Халқ овози”, “Парламентская газета” (Россия), “Бакинский рабочий” (Озарбойҷон) ва дигар нашрияҳои давриро ҷамъоварӣ намуда, пешкаши вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мегардонад.
Боиси хурсандист, ки қисми зиёди вакилон ва кормандони Дастгоҳ аъзои китобхонаанд ва ҳар сари вақт ба мутолиаи китоб, рўзномаву маҷаллаҳо меоянд. Таваҷҷуҳи онҳо ба адабиёти соҳаи ҳуқуқ, иқтисод, адабиёти бадеӣ зиёд аст. Кормандони масъули китобхона низ кўшиш мекунанд, ки дархости хонандагон ва адабиёти барои онҳо заруриро саривақт пайдо ва дастрас намоянд.
Баҳри пурра ва ғанӣ гардондани хазинаи китобҳо бо дастгирии роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ ҳамкорӣ пурзўр шудааст. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки Маркази миллии қонунгузорӣ ба китобхона адабиёти ҳуқуқиро ба миқдори 46 адад ва китобхонаи илмии ДМТ 20 адад тақдим намуданд.
Зикр намудан зарур аст, ки баҳри ҷалби бештари хонандагон ба китобу китобхонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид корҳои зиёде ба анҷом расонда шудаанд. Чанде пеш китобхона аз нав таъмир карда ва бо мизу курсҳои нав муҷаҳҳаз гардонда шуд. Бо ташаббуси Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Кабирзода Мизроб Саид китобхона ба китобхона-осорхона табдил дода шуд, ки ин ба хонандагон имкон медиҳад, дар баробари мутолиаи китоб бо таърихи парламенти Тоҷикистон аз наздик ошноӣ пайдо намоянд. Китобхона-осорхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон макони баргузории маҷлисҳо, вохўриҳо, ҷаласаҳои саркумитаҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои дигар гардидааст.
Дар китобхона барои китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гўшаи махсус таъсис дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар ғанӣ гардондани хазинаи китобҳо саҳми вакилон низ зиёд аст. Масалан, олимони шинохтаи мо Холиқзода Абдураҳим, Муртазозода Ҷамшед, Насриддинзода Эмомалӣ, Миралиён Қиёмиддин, Сафарзода Бахтовар, Маҷидзода Ҷурахон, инчунин корманди Дастгоҳ Мирсаидов Мирзоамин китобҳои зиёде ба китобхона тақдим намуданд.
Дар оянда мо ният дорем, ки шакли электронии адабиётҳоро дастраси хонандагони худ намоем.
Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа барои таъмини китобхонаҳои ташкилоту корхона ва идораву муассисаҳо бо адабиёт, таҷҳизот ва технологияҳои муосир дастуру супоришҳо доданд.
Баҳри иҷрои ин дастур мо тасмим гирифтаем, ки ҳамкориро бо китобхонаҳои дигар боз ҳам пурзўр намуда, хазинаи китоби Китобхонаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғанитар ва талаботи хонандагонро бо адабиёти классикӣ, бадеӣ, муосир ва соҳавӣ пурра қонеъ гардонем.
Аҳмадова Меҳринисо Холовна,
Мудири китобхонаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон