Маълумоти мухтасар дар бораи осорхона
Осорхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 таъсис дода шудааст. Айни замон дар осорхона зиёда аз 360 нигораву ашё – экспанатҳо, расму мусаввараҳо, навиштаҷоту ҳуҷҷатҳо ва туҳфаҳои хотиравии тақдимшуда ба Маҷлиси намояндагон нигоҳдорӣ ва ба намоиш гузошта шудаанд.
Осорхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи таърихи пурҷанбаи парламенти тоҷик аст ва махсусан инъикосгари марҳилаи Парлумони касбии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Осорхонаи бо гўшаҳо, маълумот, расму ашёҳо ва қарору фармонҳои расмӣ аз таърихи давлатдории навини тоҷикон ва зинаҳои ташаккулёбии парламентаризми тоҷик иттилоъ медиҳад.
Дар осорхона гўшаҳои махсус ба даврони фаъолияти роҳбарони пешину имрўзи Тоҷикистон, вакилони мардумӣ, қаҳрамонони Тоҷикистон ва раисони Парламент бахшида шудаанд.
Инчунин дар бораи иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида, фарзанди содиқи Ватан - Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шўрои Олӣ интихоб гардиданд, маълумот гирдоварӣ шудааст.
Таърихи навтарини мо, ки дар аксу мусаввара ва маълумотҳои осорхона инъикос шудааст, далолат медиҳанд, ки дар лаҳзаҳои душвортарини музокироти байни тоҷикон, дар барқарор намудани сулҳи комил ва ваҳдати сартосарии миллӣ, шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, афкори сулҳпарваронаву тасмимҳои қонунмеҳварона ва иродаи сиёсии ў мавқеи ҳалкунанда дошта, миллатро ба шоҳроҳи умеду орзуҳо раҳнамун намудааст. Маҳз ин вижагии сулҳофаринию давлатсозӣ ба Пешвои миллат имкон додааст, ки дар муддати нисбатан кўтоҳ сохтори конститутсионии мамлакатро комилан барқарор намоянд ва кишварро ба марҳилаҳои нави рушд раҳнамун гардонад.
Осорхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 бо дастгирии Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таҷдид гардида, ашёҳо –туҳфаҳои хотиравие, ки аз сарони кишварҳои олам ба Маҷлиси намояндагон эҳдо шудаанд ба шакли муназзам ба намоиши умум гузошта шуда, ҳамарўза манзури бинандагон мебошанд.