• ИСМОИЛЗОДА ЗУФАР МУРТАЗОХОН Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон 1 январи соли 1964 дар деҳаи Қалъачаи ноҳияи Ғончӣ дар оилаи  деҳқон ба дунё омадааст.  Маълумоташ олӣ, миллаташ тоҷик.

Соли 1986 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)–ро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Донандаи забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ буда, Номзади илмҳои сиёсӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон соли 1988 ба ҳайси инструктор, мудири шуъбаи кор бо хонандагон, ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи ноҳиявии комсомоли Ғончӣ оғоз бахшидааст. Баъдан дар вазифаҳои дастурдеҳи Кумитаи Марказии комсомоли ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои ҳарбию ватандӯстӣ, котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Ғончӣ, раиси Шўрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мудири бахши шуъбаи идеологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Идораи кор бо ҷавонони вилоят, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбари Маркази аналитикии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои коргарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 2007-2011 раиси шаҳри Табошар (ҳозира Истиқлол) ва солҳои 2011-2015 раиси ноҳияи Деваштич шуда кор кардааст.

Меҳнати тўлонии ў бо як қатор ифтихорномаву нишонҳои давлатӣ қадршиносӣ шудаанд. Аз ҷумла, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, Грамотаи Президиуми Шурои Олии СССР, ордени «Ситораи сурх», медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ», «Барои фидокорӣ» (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), «Ба иштирокчии амалиётҳои ҷангӣ», медали «Ба ҷанговари интернатсионалист», ордени «Барои хизмати шоён»-и Иттифоқи мудофиавии ташкилоти варзишӣ-техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени «Шараф ва мардонагӣ»-и Фонди умумироссиягии шараф ва мардонагии Федератсияи Россия, медали «Шараф» дараҷаи II-и Комиссияи мубориза бо коррупсияи Федератсияи Россия, Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба устоди варзиши ИҶШС ва инчунин мукофотҳои соҳавӣ ва медалҳои ҷашнӣ аз зумраи онҳо мебошанд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати  IV) ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ғончӣ (даъвати IV) буд.

Солҳои 2015-2020 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум.

 

1 – марти соли 2020 Зуфар Исмоилзода - раиси Комиссияи экологӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.