• НАСРИДДИНЗОДА ЭМОМАЛӢ САЙФИДДИН Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

1 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб шудааст.

2 июли соли 1966 дар вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.Соли 1983 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмаликро хатм намудааст, соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко ва соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносхатм кардааст.Соли 2008 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Проблемаҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон” дифоъ намудааст. Соли 2015 рисолаи докториро дар мавзӯи “Густариши фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амиқ гардидани тафовутҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ” ҳимоя кардааст.

Соли 2017 Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилотимиёнаиумумии№2-иноҳияиБалҷувон оғоз кардааст. Аз соли 1993-2006 ассистент, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва фалсафаи фарҳанги ДДОТ ба номи С. Айнӣ, аз 2003то 2004корманди Сарраёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои2003-2006 унвонҷӯи Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ,  соли 2006 мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва методикаи таълими ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ.Солҳои 2006-2007 муаллими калони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.Солҳои 2007-2009 ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба тарбия.Солҳои 2009-2011ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба таълим.Аз моҳи августи соли 2011 то 2016 Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кор ва фаъолият намудааст.

Барои хизматҳои шоён ва намунавиаш дар соҳаи таълиму тарбия ва парвариши мутахассисони лаёқатманди ҷавобгӯйи бозори меҳнат бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, медали ҷашнии “90 — солагии адлияи Тоҷикистон” ва мукофоти давлатии “Ордени Шараф дараҷаи II” сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.