-
-
ОДИНАЕВ ҲАЁТ АБДУЛҲАҚ
Муроҷиат кардан
1 марти соли 2020 вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
20 — уми августи соли 1966 дар деҳаи Толеи нави ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст.
Соли 1983 мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намуда, ба факултети банақшагирӣ-иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1990 онро бо дипломи аъло хатм намуд. Дар ҷараёни таҳсил тӯли солҳои 1984-1986 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбиро ба ҷой овардааст.
Баъди хатми донишгоҳ бо қарори Шӯрои олимони факултет ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатӣ ба кор қабул мешавад.
Соли 1993 ба аспирантураи факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дохил шуда, пеш аз муҳлат (майи соли 1995) рисолаи номзадӣ ҳимоя менамояд. Тӯли солҳои 1995 — 2001 дар вазифаҳои ҷонишини декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.
Соли 1998 сазовори унвони илмии дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи КАС дониста шуд.
Солҳои 2001 — 2004 дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов таҳсил намуда, моҳи майи соли 2005 рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Моҳи октябри соли 2007 ба ҳайси профессори кафедраи иқтисод ва идоракунии комплекси агросаноатӣ пазируфта шуд.
Аз моҳи декабри соли 2005 то моҳи декабри соли 2008 дар вазифаи декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Тӯли ин муҳлат дар факултети зикршуда якчанд навигариҳо ба вуҷуд овард.
Соли 2007 Озмоишгоҳи илмӣ — тадқиқотии «Рушди босубот» созмон ёфта, дар доираи он солҳои 2007 ва 2010 ду лоиҳаи илмӣ — тадқиқотӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шуданд. Дар факултет ихтисоси нави «Кори иҷтимоӣ» таъсис ёфта, дар ин ҷода бо Донишгоҳи Стокголм (Шветсия) робитаҳои таълимӣ ва ҳамкориҳои илмӣ — тадқиқотӣ ба роҳ монда шуд. Аз соли 2008 то соли 2011 вазифаи сардори раёсати таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Соли 2011 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, соли 2012 ба вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардида буд.
1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.