-
-
РАҶАБЗОДА РАВШАН МУҲИТДИН
Муроҷиат кардан
1 марти соли 2020 вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Раҷабзода Равшан Муҳитдин - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон; раиси Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, 6 майи соли 1967 дар шаҳри Конибодом дар оилаи хизматчӣ таваллуд шуда, фаъолияти меҳнатии худро соли 1984 баъди хатми мактаби миёнаи № 4 дар Комбинати консервабарории шаҳри Конибодом ба ҳайси коргар оғоз кардааст. Солҳои 1985 — 1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Челябинск ва дар Ҷумҳурии Демократии Германия хизмат намуда, соли 1987 ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1992 бо муваффақият хатм намуд. Аз моҳи августи ҳамон сол то августи соли 1993 дар кафедраи «Назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ» — и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент фаъолият намудааст.
Фаъолияти минбаъдаи омӯзгориву илмии ин марди донишманд ва мураббии ҷавонон бо Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванд гардид. Ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Проблемаҳои ташаккулёбии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои назариявӣ-методологӣ» ҳимоя намуда, ба дарёфти унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мушарраф гардидааст. Рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Фарҳанги ҳуқуқии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти назариявӣ-ҳуқуқӣ ва методологӣ» ҳимоя намуда, ба дарёфти унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ мушарраф гардидааст. Муаллифи беш аз 50 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 6 (шаш) монография, ду курси мухтасари лексияҳо, зиёда аз 20 (бист) китобу воситаҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ доир ба масъалаҳои низоми ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба назарияи ҳуқуқ ва давлат мебошад. Бо кӯшишу эҳтимоми ӯ чандин барномаҳои таълимӣ ва методӣ омода гаштаанд, ки ҳамчун роҳнамо барои донишҷӯён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд.
Раҷабзода Равшан Муҳитдин — мутахассиси шинохтаи соҳаи назарияи масъалаҳои давлат ва ҳуқуқ, олими барҷастаи мактаби ҳуқуқшиносии кишвар, ҳамзамон бо таҳияи чандин лоиҳаҳои қонунҳо ва асосноккунии илмии онҳо дар инкишофи давлат ва такмили соҳаи ҳуқуқи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудааст.
Барои хизматҳои шоён ва дастовардҳо дар кори илмию омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас Равшан Раҷабов бо медали «Барои хизматҳои шоён» ва як қатор «Ифтихорнома»-ҳои вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шудааст. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намонядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.