• ХОЛИҚЗОДА ҲОКИМ ҲИКМАТУЛЛО Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст

Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло - 27-уми июли соли 1973 дар ноҳияи Колхозобод (айни ҳол Ҷалолиддини Балхӣ) таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз ва Академияи хизмати давлатии назди Презтденти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 дар муассисаи хурокиум умии ноҳияи Фрунзеи ш. Душанбе ба ҳайси муҳосиби дараҷаи 2 —юм оғоз намуда, соли 1996 ҳамчун муҳосиб дар итиҳодияи истеҳсолии баноми «Зайнаббибӣ»—и шаҳри Душанбе, солҳои 1996 -1998 ба ҳайси иқтисодчии калони шуъбаи қарзии«Тори—бонк» дар ш. Душанбе кор кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз соли 1998 шуруъ намуда, дар вазифаҳои хазинадор, муҳосиб оид ба хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, муовини сармуҳосиби Идораи амалиётӣ кор кардааст. Соли 2005 ба вазифаи сардори Идораи амалиётии Раёсати БДАҶТ «Амонатбонк» ва соли 2009 ба вазифаи Директори Департаменти хазинадории Раёсати БДАҶТ «Амонатбонк» таъин гардида буд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 —юми апрели соли 2007, аъзои Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» таъин гардидааст.

Солҳои 2015- 2020 вакили Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамчун узви қумитаи Мвҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ оила ва ҳифзи саломатӣ фаъолият намудааст. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор.

17 – марти соли 2020 Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб шудааст.