• ҚУДРАТОВ РУСТАМ РАҲМАТОВИЧ Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Қудратов Рустам Раҳматович 24 сентябри соли 1960 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ.

 

Соли 1984 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракунии комплекси агросаноатӣ» хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 ба ҳайси иқтисодчӣ оғоз намудааст.

 

Аз соли 1985 то соли 1988 аспирант, солҳои 1989 — 1994 асисстенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ ва омори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд.

 

Аз соли 1994 то соли 2002 дар вазифаи декани факултаи фермерии ҳамин донишгоҳ, солҳои 2002 — 2007 ба сифати директори «Маркази миллии таълимии кишоварзӣ» — и Маркази дастгирии хусусигардонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон кор кардааст.

 

Аз соли 2007 инҷониб директори «Маркази таклими ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ» — и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон кор кардааст. Зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ, 5 монография таълиф намуда, беш аз 13 нафар докторону номзадҳои илми иқтисодро тайёр намудааст.

 

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

 

1 – марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст.

 

Узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният мебошад.

1-марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст.