• ЛАТИФЗОДА РУСТАМ БАРОТ Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон.

27 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Институти кӯҳшиносии шаҳри Санкт — Петербургро бо ихтисосҳои инженер — гидротехник ва инженер — эколог хатм намудааст.

Дар вазифаҳои усто, инженер, инженери калони КСМ-31 ва Муассисаи махсусгардонидашудаи сохтмонии «Тоҷикводстрой», сармутахассис, сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассис, сармутахассиси шӯъбаҳои комплекси агросаноатӣ, экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиати Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати захираҳои об, илм ва техникаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин мебошад. Узви Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

1 – марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст

17-марти соли 2020  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб гардидааст.