• СОДИҚӢ НАСИБА НУРУЛЛОЗОДА Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Содиқӣ Насиба Нуруллозода 3 маи соли 1968 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1985 мактаби миёнаи № 12-и ш. Душанберо хатм намуда, ба факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1990 хатм намуд. 

 

Аз соли 1990 то 17 марти соли 2017 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар ин муддат дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, нозири кадрҳо, котиби илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходими илмӣ ва муовини директор оид ба илм, муовини директор оид ба илм ва таълим кор карда аст. 1 марти соли 2015 то соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб гардидааст. Муовини Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.  Аз 1 марти соли 2020 такроран вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб гардидааст. Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг васи ёсати ҷавонон мебошад.

 

Дар давраи фаъолияти илмӣ 3 монография, зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ навишта аст. Таҳти роҳбарии илмии ў 9 нафар рисолаи илмӣ дифоъ намуданд ва 3 нафар рисолаи худро барои дифоъ омода намудаанд.

 

Соли 2000 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Фалсафаи антропологии Мирзо Абдулқодири Бедил» ва соли 2007 рисолаи докториро аз рўи мавзўи «Фалсафаи Мирзо Абдулқодири Бедил» дифоъ намудааст.

 

Соли 2002 сазовори рутбаи илмии дотсент. Соли 2001 дорандаи ҷоизаи Академияи илмҳои ҶТ барои олимони ҷавон ва соли 2002  ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Солҳои дароз дар кафедраи фалсафаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантон дарс мехонад. Ҳамзамон дар макотиби олии Ҷумҳурӣ барои донишҷўён дарси фалсафа, фарҳангшиносӣ мехонад.

 

Котиби масъули конференсияҳои байналмиллалӣ бахшида ба 960-солагии Умари Хаём, 2700-солагии «Авесто» ва 1025 солагии Ибни Сино таъин шудааст.

 

Аъзои Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон мебошад.

 

Борҳо бо Ифтихорномаҳои Раёсати Академияи илмҳо сазовор гаштааст. Ду маротиба бо соати дастии хотиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нишони фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ.       

Оиладор.