• САФАРЗОДА БАХТОВАР АМИРАЛӢ Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

10 — уми марти соли 1983 дар ноҳияи Вахш дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилоти ибтидоиашро солҳои 1989-2000 дар мактабҳои миёнаи №3 ва мактаби интернати ҳамин ноҳия гирифта, онро бо баҳои «аъло» хатм намудааст.

 

Соли 2000 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 2005 факултети номбурдаро бодипломи «аъло» бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм мекунад.

 

Соли 2006 мувофиқи тақсимоти давлатӣ ӯ ба сифати аспиранти шуъбаи рӯзона фаъолияти илмии худро шуруъ намуда, соли 2010 бо ҳимояи рисолаи номзадии худ сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мегардад.

 

Ҳамзамон аз соли 2007 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқиинсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолиятро оғоз намудааст.

 

Аз 31 августи соли 2009 то 2 марти соли 2015 ба сифати мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

 

Аз 2 январи соли 2014 то 2 марти соли 2015 ба сифати муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм дифои вазифа намудааст.

 

9 октябри соли 2015 дар мавзуи «Инъикоси стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

 

Узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон.

 

Аз 7 апрели соли 2015 ба сифати Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

 

Бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона гап мезанад.

 

Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ буда, муаллифи беш аз 110 маводи илмию тадқиқотӣ мебошад.

 

Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сафароз гардонида шудааст, ки «Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» (соли 2009), «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ» барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (соли 2011), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2013), Медали ҷашнии «90 солагии адлияи тоҷик» (соли 2014) ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад.

 

Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

 

1 марти соли 2015 аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Вахш №32 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

1-марти соли 2020 аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Вахш №32 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.