• ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФОР Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

2 майи соли 1968 дар ноҳияи Вахш, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1994 Университети давлатии Тоҷикистонро  (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ҳамчун ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 2004 курси такмили ихтисосро дар  Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Федератсияи Россия гузаштааст. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 30 китобу рисолаҳои илмӣ. Дифои рисолаи номзадӣ соли 1997 ва рисолаи докторӣ соли 2004 шаҳри Москва.

Солҳои 1985-1987 мутахассиси хурд, парастор ва сарпарасти мактаб-интернати ёрирасони ноҳияи Вахш;  солҳои 1987-1989-хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ; солҳои 1989-1994 донишҷу, 1994-1997 аспиранти ДМТ.

Солҳои 1997-1999 – муаллими калон, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон; солҳои 1999-2001 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба тарбия ва илм, солҳои 2001-2006 муовини декан оид ба таълим кор кардааст. Соли 2006 ба вазифаи мудири нахустин кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ интихоб шудааст.

6 июни соли 2007 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Аз 20 январи то 11 майи соли 2010 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз 11 майи соли 2010 то 6 январи соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи Раиси кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва аз 6 январи соли 2014 то 13 феврали соли 2015 дар вазифаи  Раиси кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  кор ва фаъолият намудааст.

Барандаи  ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони  ҷавони кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000. Соли 2012 бо медали 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Оиладор соҳиби шаш фарзанд.

1 – марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ мебошад.