• МАНСУРӢ ДИЛРАБО САЙДУЛЛО Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, 29 январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, аъзои ҲХДТ. Маълумоташ олӣ, доктори илмҳои техникӣ.

 

Мансурӣ Д.С. баъд аз хатми Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ аз моҳи майи соли 1997 ҳамчун лаборанти калони кафедраи иқтисодиёт ва идора фаъолияти меҳнатиашро сар кардааст. Аз моҳи сентябри соли 1997 ӯ фаъолияти худро ҳамчун олим ва педагог аз ассистенти кафедраи технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагии Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ оғоз намуда, баъд чун сармуаллим ва аз соли 2001 то 2008 ба сифати мудири кафедраи номбурда фаъолият бурдааст.

 

Дар давоми кор дар ин вазифа барои баланд бардоштани дониши касбӣ, маҳорати илмӣ ва омӯзгорӣ ҳамчун унвонҷӯ кор карда, соли 2004 рисолаи номзадии худро аз рӯи ихтисоси 05.02.18 Назарияи мошинҳо ва механизмҳо дар мавзӯи «Коркард ва асоснокии бузургиҳои механизми теладиҳандаи ресмони поёнии мошинҳои чокдӯзии дуресмонаи занҷирмонанд» дар Шӯрои диссертатсионии Д. 05.04.251 дар назди Академияи муҳандисӣ ва Пажуҳишгоҳи мошиншиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва соли 2009 рисолаи докториро аз рӯи ҳамин ихтисос дар мавзӯи «Таҳлили кинематикӣ ва динамикии механизмҳои чаҳорбанди фишангдор дар алоқаи чандири олатҳои кории мошинҳои дӯзандагӣ» дар Шӯрои диссертатсионии Д. 05.09.377 дар назди Пажуҳишгоҳи мошиншиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек бомуваффақият ҳимоя кардааст.

 

Соли 2010 муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоxикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъин гардида, то соли 2014 дар ин мақом роҳбарӣ намуда, аз соли 2014 вазифаи директори муассисаи мазкурро ба дӯш дошт. Аз соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Мансурова Д.С нахустин зани тоҷик аст, ки унвони баланди доктори илмҳои техникиро соҳиб гашта, шогирдони худро дар роҳи аз худ кардани илмҳои техникӣ ҳидоят менамояд. Маҳз бо шарофати ӯ ҳамкорӣ ва робитаи илмии донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон мустаҳкам гардида, чандин аспирантон ва унвонҷӯён бо роҳбарӣ, дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи ӯ рисолаҳои худро ҳимоя намудаанд. Мансурова Д.С. маҳорат ва малакаи баланди касбӣ дошта, дар қалби садҳо шогирдони худ тавонист, ки муҳаббат, шавқу завқи беандозаро нисбат ба касби душвори муҳандисӣ — технологӣ, фанҳои дақиқ бедор намояд. Дар тӯли фаъолияти меҳнатӣ ва омӯзгории худ ӯ шумораи зиёди шогирдонро тайёр ва тарбия намудааст, ки имрӯз дар вазифаҳои баланд ва масъули роҳбари корхона ва истеҳсолот меҳнат намуда, барои мустаҳкам шудани иқтидори иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми мо содиқона хизмат менамоянд.

 

Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш ӯ зиёда аз 150 корҳои илмӣ чоп кардааст. Аз он ҷумла: 2 монография, 12 ихтироот, 108 мақола, 20 маърӯзаи мухтасар ва 9 дастури методиро ба толибилмон пешкаш намудааст. Маърӯзаю мақолаҳои ӯ дар маҷаллаҳои хориҷию ҷумҳуриявӣ чоп шудаанд.

 

Аз соли 2000 то инҷониб Мансурӣ Д.С. бо чандин Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд барои саҳми арзанда дар фаъолияти ихтироъкорӣ, дастовардҳои назаррас дар соҳаи илмҳои техникӣ, саҳми арзанда дар тарбияи мутахассисони ҷавон, иштироки фаъолона дар конфронсҳои илмӣ ва корҳои ҷамъиятии вилоят мукофотонида шудааст. Соли 2003 ӯ ихтироъкори беҳтарин дониста шуда, бо Ифтихорномаи ҳукумати вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд. Соли 2010 барои хизматҳои шоён дар соҳаи маориф бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ дар симпозиуми байналмилалии занони ихтироъкор иштирок намуда, сазовори медали нуқра гардид.

 

Дорандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Умаров мебошад.

 

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.

 

1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.