• ШОҲМУРОД РУСТАМ Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 21 ноябри соли 2013 дар вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор кардааст.

Соли таваллуд: 3 майи соли 1965.

Ҷои таваллуд: шаҳри Конибодом.

Миллат: тоҷик.

Маълумот: олӣ.

Соли 1989 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос-ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқ. Забонҳои руси ва ўзбекиро медонад.Соли 1999 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005 бо ордени Шараф дараҷаи II ва соли 2011бо  медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардонида шудааст.


Кор ва фаъолияти собиқа:


Солҳои 1982-1989

Донишҷўи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1989-1991

Коромўз, ёрдамчии прокурори шаҳри Орҷоникидзеобод

04-08 соли 1991

Прокурори шўъбаи баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ парвандаҳо дар судҳои Прокуратураи РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1991-1992

Ёрдамчии прокурори шаҳри Кофарниҳон

Солҳои 1992-1993

Прокурори Идораи назорати умумии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1993-1995

Сардори шўъбаи корҳои ҳуқуқӣ дар хоҷагии халқи  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1995-1999

Сардори идораи қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1999-2008

Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2008-2009

Муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2009-2012

Муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2020

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон