• ХОЛМАҲМАДЗОДА СОЛЕҲА Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 17 июни соли 2015 дар вазифаи муовини раиси шаҳри Турсунзода кор кардааст.

Соли таваллуд: 27 июли соли 1976.

Ҷои таваллуд: шаҳри Душанбе.

Миллат:   тоҷик.

Маълумот олӣ: соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос- муҳандис-технолог-механик, ҳуқуқшинос.

Забонҳои ўзбекӣ, англисиро медонад.    

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1997-2004

Раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2005-2006

Ёрдамчии адвокат ва таҷрибаомўз дар ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон    

 

Солҳои 2006-2009

Аъзои ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2009-2010

Мудири шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи кор бо занон во оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Солҳои 2010-2011

Адвокати Маркази «Буҳрони боварӣ ба фардо»-и Кумитаи кор бо занон во оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

                                                                

Солҳои 2011-2013

Сардори шуъбаи кадрҳои Филиали Донишгоҳи миллӣ-таҳқиқотии технологии «МИСиС» дар шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2013-2015

Адвокати Маркази «Буҳрони боварӣ ба фардо»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

                                                                

Аз июни соли

2015 то 2020.

Муовини раиси шаҳри Турсунзода