• ҚОСИМЗОДА ИДИГУЛ ТАҒО Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 27 январи соли 2016 дар мансаби раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Қосимзода Идигул, 4 январи соли 1968 дар ноҳияи Вахш таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад.

Мавсуф, соли 1990 Донишкадаи омўзгории шаҳри Қўрғонтеппаро (ҳозира шаҳри Бохтарро) бо ихтисоси омўзгор хатм кардааст. Доктори илмҳои педагогӣ, профессор. Бо забонҳои русию англисӣ (бо луғат) суҳбат мекунад.

Заҳамоти Қосимзода Идигул дар роҳи тарбияи мутахассисони ҷавон ва татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи занон ва оила назаррас буда, бо нишонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали Хизмати шоиста сарфароз гардидааст.

Оиладор. 


Кор ва фаъолияти собиқа:

                                            

Солҳои 1990-1992

Котиби масъули шуъбаи кор бо ноболиғони Ҳукумати ноҳияи Вахш

Солҳои 1992-2003

Омўзгори мактаби таҳсилоти умумии №51-и ноҳияи Вахш

Солҳои 2003-2006

Омўзгори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонба номи Сотим Улуғзода

Солҳои 2008-2015

 

Муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

 

 Солҳои 2015-2017

Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Аз январи соли

2017 то 2020

 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.