-
-
ШАРИФЗОДА ҒИЁСИДДИН АБДУВАҲҲОБ
Муроҷиат кардан
1 марти соли 2020 вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ғиёсиддин Шарифзода аз 9 апрели соли 2009 дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ фаъолият намудааст.
Мавсуф, 24 декабри соли 1961 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад. Ў соли 1984 Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омўзгори фани таърих хатм карда, соли 1999 ҳамин муассисаи олии кишварро бо тахассуси ҳуқуқшинос ба итмом расонидааст.
Ғиёсиддин Шарифзода аз ибтидои фаъолият дар соҳаҳои фарҳангу маънавиёти кишвар заҳмат кашида, меҳнатҳои мондагору софдилонаи ў дар соҳаҳои маориф ва фарҳанги кишвар бо нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медали хизмати шоиста қадршиносӣ шудаанд.
Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ (бо луғат) буда, оиладор - соҳиби ду фарзанд мебошад.
КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА:
Солҳои 1979 - 1984 |
Донишҷўи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
|
Солҳои 1982 - 1984 |
Корманди Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ.
|
Солҳои 1984-1987 |
Муаллими мактаби миёнаи №19, деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ.
|
Солҳои 1987-1996 |
Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19, деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ. |
Солҳои 1996-2009 |
Мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Айнӣ. |
Аз апрели соли 2009 то с 2020. |
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ. |