• УМАРОВ АБДУҶАББОР ҚАҲОРОВИЧ Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 20 феврали соли 2019  дар вазифаи муҳандиси КВД «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ»-и шаҳри Истаравшан фаъолият намудааст.

Соли таваллуд- 31 июли соли 1969. Ҷои таваллуд-шаҳри Истаравшан.

Миллат-тоҷик. Маълумот-олӣ.

Соли 1988 Техникуми индустриалии шаҳри Душанбе, соли  2012 Донишгоҳи давлатии  аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм кардааст. Ихтисос-техник, технолог, муҳандис, мелиоратор. Забонҳои руси ва узбекиро медонад. Аз соли 2005 аъзои Ҳизби коммунистӣ Тоҷикистон мебошад. Бо мукофоти соҳавии Ифтихорномаи Вазорати мелиоратсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст. Оиладор.

 

                               Кор ва фаъолияти собиқа:

 

(08-10)  соли 1988

Челонгари Фабрикаи трикотажи шаҳри Истаравшан

Солҳои  1988-1990

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС

Солҳои 1990- 1992

Челонгари заводи “Торгмаш”-ишаҳри Истаравшан

Солҳои 1992-1995

Челонгар-барқчии Шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан

Солҳои 1995-2002

Директори Корхонаи муштараки истеҳсолӣ – тиҷоратии «Барқ»,шаҳри Истаравшан

Солҳои 2002-2009

Сардори минтақаи обёришавандаи мошинии Идораи давлатии хоҷагии оби «Каттасой», шаҳри Истаравшан

Солҳои 2009-2012

Сармуҳандиси ҶДММ «Алишер», шаҳри Истаравшан

Солҳои 2012-2014

Сармуҳандиси идораи давлатии хоҷагии оби«Чашмасор»-и ноҳияи Ғончӣ

Солҳои 2014-2016

Ҷонишини сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии «Чашмасор», иҷрокунандаи вазифаи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин-04,  ноҳияи Деваштич

Солҳои 2017-2018

Муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти “Гули Сурх”, шаҳри Истаравшан

Аз феврали соли

2019 то с. 2020.

Муҳандиси КВД «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ»-и шаҳри Истаравшан