• АҲМАДЗОДА БАХТИЁР ҲИКМАТУЛЛО Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло 28 октбяри соли 1975 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Миллаташ ўзбек. Маълумоташ олӣ. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2020 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемурро бо ихтисоси аграном хатм кардааст.


Солҳои 1994-1996 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намудааст.


Фаъолияти меҳнатиашро соли 1996 ҳамчун иқтисодчӣ, агроном-энтомологи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об (АИО)-и «Андарсой»-и ноҳияи Спитамен оғоз намуда, туфайли кордонӣ ва маҳорати роҳбарӣ солҳои 2004-2008 дар вазифаи раиси хоҷагии деҳқонии «Тадбиркор»-и АИО «Андарсой»-и ноҳияи Спитамен кор кардааст.


Номбурда солҳои 2008-2012 раиси АИО «Андарсой» ва солҳои 2012-2018 дар вазифаи сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Спитамен фаъолият дошта, аз моҳи апрели соли 2018 то моҳи марти соли 2020 дар вазифаи муовини Раиси ноҳияи Спитамен кор кардааст.


Солҳои 2010-2020 (ду даъват) вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен буд.


Ҳамчунин аз моҳи марти соли 2009 то моҳи марти соли 2020 раисии созмони ноҳиявии Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитаменро бар уҳда дошт.


Аҳмадзода Бахтиёр барои меҳнатҳои шоиста ва фаъолияти пурсамар дар рушди соҳаи кишоварзӣ соли 2014 бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии вилояти Суғд ва солҳои 2017-2018 бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва сипосномаҳои Раиси ноҳияи Спитамен сарфароз гардонида шудааст.


Инчунин барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ номбурда аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 бо Дипломи дараҷаи I ва соли 2013 бо Дипломи дараҷаи II қадршиносӣ гаштааст.

Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло 1 марти соли 2020 дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии «Спитамен» №25 интихоб шудааст.

Аз моҳи марти соли 2020 узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.