• ФАЙЗУЛЛОЗОДА ЗАФАР ХАЙРУЛЛО Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Файзуллозода Зафар Хайрулло 9-майи соли 1965 дар деҳаи Чирик, ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1982 пас аз хатми мактаби миёнаи 31-и ноҳияи Қубодиён ба Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуда, аз соли 1982 то соли 1987 дар факултети механикикунонии хоҷагии қишлоқи  донишгоҳи номбурда таҳсил намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ аз моҳи июли соли 1987 то моҳи феврали соли 1988 механики хоҷагии ба номи «50-солагии СССР»-и ноҳияи Қубодиён шуда кор кардааст.

Аз моҳи феврал то моҳи апрели соли 1988 инструктор ва аз моҳи апрели соли 1988 то моҳи августи соли 1989 мудири  шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи комсомоли ноҳияи Қубодиён кор кардаааст.

Аз моҳи августи  соли 1989 то моҳи феврали соли 1990 инструктор ва аз моҳи феврал то моҳи ноябри соли 1990 мудири  шуъбаи иҷтимоҷ-иқтисодҷ, проблемаҳо ва ташаббуси ҷавонони Кумитаи комсомоли вилояти Хатлон кор кардаааст.

Аз моҳи ноябри соли 1990 то моҳи феврали соли 1995 дар вазифаи мудири  шуъбаи ташкилҷ ва кор бо кадрҳои Кумитаи комсомоли вилоят   вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи феврали соли 1995 то моҳи ноябри соли 2000 дар вазифаи Ҷонишини раиси Шўрои Иттифоқи ҷавонони вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи ноябри соли 2000 то моҳи декабри соли 2001 дар вазифаи мудири шўъбаи иқтисод ва робитаҳои иқтисоди берунаи Ҳукумати ноҳияи Хуросон кор кардааст.

Аз моҳи декабри соли 2001 то моҳи марти соли 2004 дар вазифаи сармуҳандис - нозири назорати давлатии ҳолатҳои техникии идораи кишоварзии ноҳияи Хуросон кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 2004 то моҳи марти соли 2005 дар вазифаи мутахассиси пешбар ва аз моҳи марти соли 2005 то моҳи апрели   2006 муовини сардори Идораи нақлиёт, алоқа ва хочагии роҳи Ҳокимияти иҷроияи вилоят ва аз моҳи апрели соли 2006 то моҳи октябри 2006 сармутахассиси шуъбаи нақлиёт, алоқа ва хочагии роҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи октябри соли 2006 то моҳи феврали соли 2007 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон кор кардааст.

 Аз моҳи феврали соли 2007 то моҳи июни соли 2011 дар вазифаи мушовири раиси вилояти  Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи июни соли 2011 то моҳи марти соли 2014 дар вазифаи муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти  Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 2014 то 9 декабри соли 2016 дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти  Хатлон кор кардааст.

Аз 9 декабри соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён ва аз 3 марти соли 2017 то 13 январи соли 2020  вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёнро ба уҳда дошт.

 Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён  (даъвати панҷум) солҳои 2015-2020 мебошад.    

Аз моҳи апрели соли 2017 то моҳи марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3 интихоб гардида, ба ҳайси раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрҷ, шуғли аҳолҷ ва экологияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Қубодиён №31 интихоб гардида, ба ҳайси  узви   Кумита оид ба сохтори давлатҷ ва худидоракунии маҳаллҷ  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   фаъолият менамояд.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.