• ФАЙЗУЛЛОЕВ МАШРАБ ҚУРБОНАЛИЕВИЧ Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич 4-уми декабри соли 1973 дар ноҳияи Балҷувон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шуда, соли 1990 мактаби миёнаи №6 ба номи А. С. Пушкини колхози К.Маркси ноҳияи Фархорро бо медали нуқра ба итмом расонидааст.

 

Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1995 факултети банақшагирӣ-иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

 

Аз соли 1996 то соли 1997 ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ»-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи март то июни соли 1997 дар Маркази тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогии (ЦПНПК) ДДМ ба номи М.В. Ломоносов, солҳои 1997-2000 дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи кафедраи «Иқтисодиёти корхонаҳо ва асосҳои соҳибкорӣ»-и ДДМ ба номи М. В. Ломоносов таҳсил карда, рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Особенности инновационной деятельности фирм» дар Шўрои диссертатсионии Д 501.002.02 ДДМ ба номи М. В. Ломоносов ҳимоя намудааст.

 

Аз моҳи ноябри соли 2001 то моҳи майи соли 2003 ба сифати муҳосиби Намояндагии Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон (Tajikair) дар ш.Москва, аз моҳи майи соли 2003 то моҳи феврали 2006 дар вазифаҳои ҷонишини сардори Мудирияти корҳо, сардори шуъбаи сиёсати иқтисодии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи шартномаҳои КВД ҳавопаймоии «Тоҷикистон» фаъолият намудааст.

 

Аз моҳи феврали соли 2006 то моҳи феврали 2010 дар вазифаҳои декани факултаи таҳсили ғоибона ва мудири кафедраи менеҷменти инноватсионии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кор кардааст. Унвони дотсенти кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг»-ро бо фармони №2200/1148-д Комиссияи олии атестатсионии Федератсияи Россия аз 18.11.2009 сазовор гардидааст. Дар ин давра вазифаи Раиси Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистонро ба ўҳда дошт.

 

Солҳои 2010-2012 дар докторантураи кафедраи менеҷменти инноватсионнӣ ва истеҳсолии Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи Москва (МЭСИ) таҳсил ва рисолаи докториашро дар мавзўи «Формирование и развитие национальной инновационной системы Республики Таджикистан (методологические подходы и механизм управления)» дар Шўрои диссертатсионии Д 212.151.04 МЭСИ пеш аз мўҳлат ва бомуваффақият ҳимоя намудааст.

 

Моҳҳои сентябри соли 2012 ва апрели соли 2013 и.в. мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории ДМТ, ба тариқи озмун мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории ДМТ интихоб гардида, то 02 декабри соли 2013 дар ин вазифа кор кардааст.

 

Аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи апрели 2015 ба тариқи гузариш мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ва аз моҳи марти соли 2015 то 16 марти соли 2020 декани факултаи иқтисодии донишгоҳи мазкур буд.

 

Барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2006, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ мебошад. Раиси шўрои диссертатсионии 6D.KOA-029, аъзои шўрои диссертатсионии 6D.KOA-004 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа(PhD), доктор аз рўи ихтисос, аъзои Шўрои диссертатсионии Д 999.020.02 ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории назди ДМТ ва ДСРТ буда, муаллифи 4 монография, беш аз 160 мақолаҳои илмӣ ва 15 китобу дастурҳои таълимӣ мебошад.

 

Унвони профессор аз рўи ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ»-ро бо фармони №468/нк-1 Комиссияи олии атестатсионии Федератсияи Россия аз 28.04.2018 сазовор гардидааст. Таҳти роҳбариаш 7 аспирант дар шўроҳои диссертатсионии ДМТ, ДДТТ ва ДДМ ба номи М.В.Ломоносови ш.Москва, рисолаи номзадӣ химоя намуда, дараҷаи номзади илми иқтисодро доро шуданд. Аз 01.03.2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.