• ШАРОФЗОДА ГАВҲАР Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 6-ум  аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №33

Соли таваллуд - 23 марти соли 1966.  Ҷои таваллуд-ноҳияи Панҷ

Миллат тоҷик.  Таҳсилот олӣ.

Соли 1990 Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос- омўзгори забон ва адабиёти тоҷик.

Унвони илмӣ- доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Кадом забонҳои хориҷиро медонад- русӣ- узбекӣ, англисӣ (бо луѓат).

Аъзои кадом ҳизб-      ҲХДТ аз соли 1998.

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не?.  Соли 2008 «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, медали ҷашнии «20 –солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017 бо Унвони фахрии «Корманди шоистаи  Тоҷикистон»,соли 2001 «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2011  «Аълочии матбуот»-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016   «Аълочии фарҳанг»-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 1989-аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. 

Вазъи оилавӣ -оиладор, соҳиби 2-фарзанд.


Кор ва фаъолиятисобиқа:

 

Солҳои 1983-1984

Роҳбари кружоки ҳаваскорон, муаллимаи мактаби миёнаи №7 ноҳияи Панҷ

Солҳои 1985-1990

Донишҷўи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1984-1985 

Муаллимаи мактаби миёнаи №1 ноҳияи Панҷ

Соли 1990 (07-10)

 

Лаборанти калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон

Солҳои 1990-1993

Ассистенти кафедраи забони тоҷикии байни факултетҳои Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон

Солҳои 1993-2001

Мудири аспирантураи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон

Солҳои 2001-2002

 

Муовини мудири шўъбаи таълими Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон

Солҳои 2002-2005

Сарэксперти шўъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва литсензионии мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои Идораи атттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2005-2006

Мудири шўъбаи забони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2006 (02-05)

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солхои 2006-2009

Муовини ректор оид ба корҳои ташкилию тарбиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2009-2010

Мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз марти соли 2010 то соли 2013



Аз 6-декабри соли 2013 то 27.01 2020

Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Аз 1 марти соли  2020

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 6-ум