• РАҲМОНЗОДА ЗОИР ФАЙЗАЛӢ Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 13 феврали соли 2017 дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Соли таваллуд-8 январи соли 1981. 
Ҷои таваллуд-ноҳияи Фархор.
Миллат   тоҷик.                                            

Таҳсилот- олӣ.  Соли 2003 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро хатм намудааст. Ихтисос-иқтисодчӣ-информатик. Унвони илмӣ-номзади илмҳои иқтисодӣ(соли 2011). Забонҳои русӣ,  англисиро медонад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе интихоб шудааст. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техникаро дар соли 2013 соҳиб шудааст.

Вазъи оилавӣ   оиладор, соҳиби 4 фарзанд.               

 

                                  ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

 

Солҳои 2003-2004-

Устод – коромўзи Кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2004-2005-

Ассистенти Кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2006-2007-

Муҳандис – барномасози компютерҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2006-2011-

Омўзгори калони Кафедраи тарҳрезӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ДСХ ш. Душанбе

 

Солҳои 2008-2012-

Директори Маркази иттилоотӣ – иртиботии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати шаҳри Душанбе

 

05-10     соли 2012-

Декани факултети соҳибкорӣ ва бизнеси Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2012-2013-

Мудири Кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2013-2017-

Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

  

Аз феврали соли

2017 то с. 2020.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.