• АБДУХОЛИҚЗОДА ЛУТФИЯ АБДУЛХОЛИҚ Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 22 январи соли 2019  дар вазифаи   сардори Раёсати илму

маърифати Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон фаъолият кардааст.

 

Соли таваллуд-5 декабри соли 1971. Ҷои таваллуд- ноҳияи Данғара.  

 

Миллат- тоҷик. Маълумот-олӣ. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистонро  хатм кардааст. Ихтисос  муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ ва муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои русӣ. Номзади илмҳои педагогӣ мебошад. Забонҳои русӣ, ўзбекиро медонад.    


Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1988-1993-

Донишҷўи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солҳои 1993-2002-

Муаллими забони русӣ дар коллеҷи муҳандисӣ-омўзгории шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2002-2009-

Муаллими калони кафедраи забонҳо ва раиси Шўрои кураторони Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

 

Солҳои 2009-2010-

Муовин, мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

 

Солҳои 2010-2012-

Муовини ректор оид ба тарбияи  Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2012-2015-

Муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

 

Солҳои 2015-2019-

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Аз январи соли

2019 то с. 2020.

Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон