• УСМОНЗОДА ХАЙРИДИН УСМОН Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

15 сентябри соли 1967 таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳавоии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ хизмати ҳарбӣ намудааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Латвияро бо ихтисоси тарҷумон-ҷомеашинос хатм намудааст. Пас аз анҷоми таҳсил ба фаъолияти омўзгорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва пажуҳиши масъалаҳои иҷтимоӣ дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.  Ҳамзамон дар ин муддат дар аспирантураи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда, соли 1997 рисолаи номзадиашро дар риштаи фалсафаи иҷтимоӣ дифоъ намудааст. Соли 2005 бо анҷоми таҳсили докторантура дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов рисолаи докторияшро дар мавзўи «Ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии равандҳои трансформатсионӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» дифоъ кардааст. Соли 2005 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) Федератсияи Россия ба дарёфти унвони профессор аз рўи ихтисоси «фалсафаи иҷтимоӣ» сазовор дониста шуд. Соли 2017 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Усмонзода Хайридин Усмон дар вазифаҳои ассистент, омўзгори калон, дотсент, профессор, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ходими пешбари илмӣ, мудири шўъбаи фалсафа ииҷтимоӣ, муовини директории Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм (дар ду давра аз соли 2000 то 2002 ва 2005-2017) фаъолият намуда, дар тарбия,омода намудани мутахассисони соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ ва пешрафти таҳқиқоти амалию бунёдӣ дар самт сайъу талоши назаррас кардааст.

Усмонзода Хайридин Усмон соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таъин гардида, дар ин вазифа то соли 2020 фаъолият намуд. Дар ин муддат бо иқдоми ў дар донишкада 2 факултети нав (саъати мусиқии мардумӣ, режиссура, кино ва телевизион) ва 3 кафедраи тахассусӣ таъсис дода шуд. Ихтисосҳои нави ҷоришуда дар самти низоми иттилоотӣ дар фарҳанг, драматургия, кинотелеоператор, телеоператор, менеҷменти муносибатҳои байналмилали фарҳангӣ, веб-журналистика, бойгонии аудион визуалӣ ва ғайра барои ба рушди имрўзаи ҷомеа мувофиқ сохтани соҳа нигаронида шудаанд.

Усмонзода Хайридин Усмонтайи таи  фаъолияти хеш дар тарбияи мутахассисони соҳаи ҷомеашиносӣ саҳм гузоштааст. Таҳти роҳбарии ў 14 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаҳои доктории худро дифоъ кардаанд. Ў муаллифи 6 монография, 7 китоби дарсӣ ва мақолаҳои зиёди дар нашрияҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашршуда мебошад.

Усмонзода Хайридин Усмон 1 марти соли 2020 аз ҳавзаи ҳудудии якмандатаи   интихоботии Рўдакӣ 9 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Усмонзода Хайридин Усмон оиладор. 

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.