-
-
АШУРЗОДА ҒИЁСИДДИН МАҲМАДМУРОД
Муроҷиат кардан
1 марти соли 2020 вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод 3-юми майи 1976 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ хатм намудааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Фаъолияти кориашро хамчун ходими хурди илмии институти иқтисодии АИ ҶумҳурииТоҷикистон оғоз намуда, соли 2001 ба ҳайси ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон фаъолият намудам.
Солҳои 2003 - 2006 ҳамчун муаллими калони кафедраи назарияи иқтисоди Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон кор карда, аз соли 2006 то соли 2008 муовини декан оид ба таълими факултети иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 2008 то соли 2009 ёвари ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва солҳои 2009 - 2010 муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкории ҳамин донишкада буд.
Солҳои 2009 - 2010 мудири шуъбаи таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, 2010 – 2011 сардори шуъбаи таҳсили ғоибонаи №1-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва аз соли 2011 то 2012 дар вазифаи декани факултети иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2012 то 2014 декани факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва солҳои 2014 - 2017 дар вазифаи муовини ректор оид ба илми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз сентябри соли 2017 то соли 2018 декани факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва аз моҳи майи соли 2018 то марти 2020 дар вазифаи мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор кардааст.
Муаллифи беш аз 78 мақолҳои илмӣ-оммавӣ, 3 китоби дарсӣ, 2 манография ва 4 васоити таълимӣ мебошад.
Соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Организационно-экономические основы формирования конкурентоспособного сельского хозяйства Гиссарской зоны Таджикистана» дифоъ намудааст.