• ҶАВҲАРӢ МУҶИБАХОН ОДИЛ Муроҷиат кардан

    22 декабри соли 2021 вакили
    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст

Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил 30 январи соли 1971 дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара, вилояти Суғд, дар оилаи омӯзгор таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1993 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо ихтисоси рӯзноманигор хатм намудааст. Оиладор соҳиби 2 фарзанд. Аъзои ҲХДТ буда, вакили Анҷуманҳои 9, 11, 13 ва 14 -уми ҲХДТ мебошад.
Соли 2020  диссертатсияи илмиашро барои дарёфти номзади илмҳои филологӣ дар мавзӯи “Юсуф ва Зулайхо”-и Ховарии Шерозӣ ва муқоисаи он бо достони ҳамноми Абдураҳмони Ҷомӣ дар Шӯрои диссертатасионии 6D КОА-28 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳимоя намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1993 ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи умумии рақами 27 –и деҳаи Чоркӯҳ оғоз намуда, соли 2005 сарвари таълимгоҳи мазкур ва соли 2010 сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара таин гардидааст. Соли 2014 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, соли 2015 ёвари Директори кулли ҶСК “Шахта”-и Шӯроб, соли 2016 муовини директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, соли 2018 директори ҳамин муассисаи олии касбӣ ва аз соли 2020 то соли 2021 мудири бахши фарҳанги шаҳри Исфара  фаъолият намудааст.
Бо унвонҳои "Аълочии маорифи ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН " соли 2008, "Аълочии матбуоти ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН " соли 2017, “Аълочии фарҳанги ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ” соли 2021 қадрдонӣ шудааст. Аз соли 2019 узви Иттифоқи журналистони ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ва аз соли 2021 узви Иттифоқи нависандагони ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  мебошад.
Муаллифи 1 монография ва зиёда аз бист мақолаҳои илмӣ буда, мақолаҳои публисистиаш пайваста дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ интишор мешаванд. Асарҳои бадеии ӯ бо номи “Зани даруни чашма” ва “Дарди фироқ” дар нашриёти “Адиб” ба чоп расидаанд. Инчунин ӯ муаллифи дарстурҳои тарбиявӣ  барои сарпарастони гуруҳҳои академикӣ бо унвони “Раҳнамои тарбият”  ва “Ислом-зидди ифрот” мебошад.
Аз 22 декабри соли 2021 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст