• ГУЛАҲМАДЗОДА ЗУЛФИҚОР АҲМАД Муроҷиат кардан

       14-уми августи соли 2022 вакили
     Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

   6 апрели соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2005 Литсейи техникӣ - аграрии ноҳияи Данғара, соли 2010 Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  мебошад. Аз сентябри соли 2019 омӯзгори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аст. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъвати V-VI буданд.
Бо мукофоти давлатӣ - Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти соҳавӣ - “Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон“, “Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Аълочии фахрии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нишони “95-солагии Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нишони Маркази миллии патенту иттилоот” сарфароз гардидааст.
    Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси роҳбалади Осорхонаи миллии ноҳияи Данғара оғоз намудааст. Солҳои 2010-2012 мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур.Солҳои 2011-2012 Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Солҳои 2012-2013 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намудааст. Солҳои 2013-2014 фаъолияташро дар вазифаи мудири бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизби шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур идома додааст. Солҳои 2014-2016 муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ, солҳои 2016–2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур фаъолият кардааст. Солҳои  2017-2022 дар вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур фаъолият намудааст.
    14-уми августи соли 2022 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.        
    Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.