• ШЕРАЛИЗОДА МУҲАМАДУЛЛО УМАР Муроҷиат кардан

    14-уми августи соли 2022 вакили
     Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Соли  таваллуд : 5 - уми майи соли 1975   
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ноҳияи Варзоб, ҷ/д Лучоб, деҳаи Косатароши боло 
Миллат:  тоҷик                                                    
Таҳсилот : Олӣ, Соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро хатм намудааст.
Ихтисос :  «Сохтмони саноатӣ ва гражданӣ» бо тахассуси  муҳандис - сохтмончӣ
Унвони илмӣ : номзади илмҳои техникӣ, дотсент  
Кадом забонҳоро медонад: русӣ (озод), немисӣ (озод), англисӣ (бо истифода аз луғат) 
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб даъвати панҷум ва шашум (солҳои 2018-2020, 2020-2022)
Бо  мукофотҳои  давлатӣ  сарфароз  гардонида  шудааст  ё  не : Бо фармонҳои  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14. 07. 2020
таҳти рақами №1571  бо медали «Хизмати  шоиста» ва аз 23. 07. 2021 таҳти рақами №213 бо медали ҷашнии «30 - солагии 
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз  гардонида шудааст.
Ҳизбият: аъзои ҲХДТ аз соли 1999
Вазъи оилавӣ: оиладор соҳиби  4 фарзанд
Суроға: ноҳияи Варзоб, деҳаи Косатароши боло 

 
Кор ва фаъолияти собиқа:

 Моҳ ва сол

Солҳои 1992 - 1997

 Вазифа бо зикри муассиса, ташкилот
(сарфи назар аз шакли 
моликият ва тобеият)

Донишҷӯи  шуъбаи рӯзонаи  Донишгоҳи  
 техникии Тоҷикистон  ба номи академик 
М.С. Осимӣ, факултети «Сохтмон ва меъморӣ»

Солҳои 1997 - 2004

Ассистенти кафедраи «Бехатарии фаъолияти 
инсон  ва экология» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон   ба номи академик  М.С. Осимӣ

Солҳои 2004 - 2011

Муаллими  калони  кафедраи «Бехатарии
фаъолияти  инсон  ва экология» - и
Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон  
ба номи академик  М.С. Осимӣ

Солҳои 2011-2012

Дотсенти кафедраи «Бехатарии фаъолияти 
инсон  ва экология» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон   ба номи академик 
М.С. Осимӣ  ба тариқи озмун.

Солҳои 2012 - 2014

Мудири  кафедраи «Бехатарии фаъолияти 
инсон  ва экология» - и Донишгоҳи  
техникии Тоҷикистон   ба номи академик 
М.С. Осимӣ  ба тариқи озмун.

Солҳои 2014 - 2015

 

Декани факултети «Сохтмон ва меъморӣ» - и  Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон 
  ба номи академик  М.С. Осимӣ

Солҳои 2015 - 2018

Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи
лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони
 мактабҳои миёна»

Солҳои 2018 - 2022                                  

Раиси  ноҳияи  Варзоб

аз 14 августи
соли 2022                                               

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии ҶумҳурииТоҷикистон, узви Кумита
оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияи
ҷамъиятӣ ва иттилоот