Шуъбаҳо
ҚОСИМЗОДА АМРИДДИН ҶАМОЛУДДИН
Мудири Котиботи Роҳбарияти Маҷлиси намояндагон
Қосимзода Амриддин Ҷамолуддин, аз 30 марти соли 2020 дар мансаби Мудири Котиботи Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Номбурда 21 ноябри соли 1983 дар ноҳияи Зафаробод ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 2007 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бо ихтисоси муҳандис-иктисодчӣ ва соли 2012 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемурро бо тахассуси муҳандис-мелиоратор хатм кардааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2002 – 2007- |
Донишҷўӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
|
Солҳои 2007 – 2008- |
Мутахассиси пешбари Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат
|
Солҳои 2008 – 2011- |
Мутахассиси пешбари Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ
|
Солҳои 2011 – 2014- |
Сармутахассиси Раёсати корҳои Вазорати кишоварзӣ
|
Соли 2015 (апрел-июн) |
Муовини сардори Раёсати корҳои Вазорати кишоварзӣ
|
Солҳои 2015- 2016 |
Сардори Раёсати корҳои Вазорати кишоварзӣ |
Солҳои 2016-2020 |
Референти Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Аз 30 марти соли 2020 |
Мудири Котиботи Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Сардори раёсати коргузорӣ, ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2008-2013 |
-Донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқӣ; |
Солҳои 2013-2014 |
-Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; |
Солҳои 2014-2016
|
-Сармутахассиси шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; |
Солҳои2016- 2018 |
-Магистранти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; |
Солҳои 2016 - 2018 |
-Сармутахассиси Котиботи Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; |
Соли 2018 |
-Унвонҷӯи шуъбаи илмҳои гуманитарии Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; |
Солҳои 2018 - 2021 |
-Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот; |
Соли 2019 |
Раиси ташкилоти ҳизбии «Қонунгузор»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии дар назди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; |
Аз 27 январи соли 2021 |
-Сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
- “Маҷлиси намояндагон: таҳкимбахши қонуният ва дипло-матияи парламентӣ” – Душанбе: «Донишварон», 2020. 291 с.
- “Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили вусъатбахши дипломатияи парламентӣ 2010-2015” – Душанбе: «Донишварон», 2020. - 476 саҳ.
- “Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили вусъатбахши дипломатияи парламентӣ 2015-2020” – Душанбе: «Донишварон», 2020. - 456 саҳ.

Сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз феврали соли 2021 дар мансаби мудири раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд: 18 апрели соли 1987
Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло (рӯзона) хатм кардааст
Ихтисос: ҳуқуқшинос
Унвони илмӣ: надорад
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ (бо луғат )
Бо мукофотҳои давлати сарфароз гардида шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 6 фарзанд
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ 3/6, ҳуҷраи 44
Фаъолияти корӣ:
Солҳои 2010-2011 |
Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2011 - 2012 |
Ба ҳайси омӯзгорӣ фанни ҳуқуқи ҷиноятӣ ба курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълим додааст. |
Солҳои 2011-014 |
Мудири бахши шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2014-2017
|
Муовини мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз 03.07.2017 то 20.09.2017
|
Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2017 -2021
Аз январи соли 2021 то ҳол |
Мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
АБДУРАҲИМОВ КАМОЛ ҚУРБОНАЛИЕВИЧ
Сардори раёсати тарҷумаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1-уми апрели соли 1963 дар ноҳияи Фархор зода шудааст.
Таҳсилотимиёнаро дар мактаби №2-и зодгоҳ ва таҳсилоти олиро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербург) фаро гирифта аст.
Корро соли 1986 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» оғознамуда, баъдан дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Садоимардум», «Ҷумҳурият» ва чанде дигар фаъолият бурдааст. Ҳашт сол (01.02.2005 – 30.10.2012) сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» — Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.
Ҳамчунин ба ҳайси муҳаррири коршиноси Вазорати матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси Шуъбаи рушди иҷтимоиву фарҳангии Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Аз соли 2014 дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Аз соли 2017 мудирии Шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳро ба уҳда дорад.
Заҳматҳояш бо медалҳои «Хизмати шоиста» (соли 2005), «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2011) ва нишону унвонҳои сершумори соҳавӣ қадр шудаанд.
Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.
Миллат: тоҷик
Ҳизбият: узви ҲХДТ
Ихтисос:
Донистани забонҳои хориҷӣ:
Мукофот ва дастовардҳо:
ОРИФОВА ДИЛОРОМ ШАРOФОВНА
Мудир - сармуҳосиби шуъбаи молиявии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 майи соли 1966 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Соли 1988 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчии хоҷагии қишлоқ хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро баъди хатми Донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла лабаранти калони лабараторияи истеҳсолии устувори хоҷагии қишлоқи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-иқтисодии истеҳсолии хоҷагии қишлоқи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инспектори Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супорандаи маҳсулоти тайёрӣ сехи бисквитӣ, муҳандис — технологи шӯъбаи банақшагирии фабрикаи «Ширин» — и шаҳри Душанбе, мутахассиси дараҷаи 1 Раёсати ҳисоб ва компютерии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи молияи Ҳукумати шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, ҳисобчии мактаби олии такмили ихтисоси кадрҳои комплекси агросаноатии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбари ҳисобдори марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси ҳисобдори марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Идора — муовини сармуҳосиби ҳисобдори марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо Ифтихорномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Аз 27 августи соли 2012 Мудир — сармуҳосиби шуъбаи молиявии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.СУЛТОНОВ МУҲАМАДАТО ИСОЕВИЧ
Мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 декабри соли 1961 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1989 Донишгоҳи давлатии ба номи М. Ломоносови шаҳри Маскавро бо ихтисоси рӯзноманигори байналмилалӣ хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро баъд аз хатми Донишгоҳ ба ҳайси мухбири шуъбаи ҷамъиятии хабаргузории «Ховар» — и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст.
Аз соли 1990 то соли 2000 мудири шуъбаи ҷамъиятӣ — сиёсии Маркази Иттилоотии «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 2000 дар вазифаи роҳбари маркази матбуот ва аз соли 2010 мудири шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҳорати касбиашро дар хабаргузориҳои «Рейтер» — и Англия, «Итар — Тасс» ва «РИА Новости» — и Федератсияи Русия сайқал додааст.
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ «Мушовири давлатии дараҷаи 1» мебошад.
Бо «Ифтихорномаи фахрии» Ассамблеяи Байнипорлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ифтихорномаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ) ва Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, сохиби 4 фарзанд мебошад.