• ТАҒОЙЗОДА СУМАНГУЛ САИД Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

аз 21 ноябри соли 2013 дар вазифаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд 19 декабри соли 1966       

Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе

Миллат   тоҷик                        

Маълумот   олӣ

Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос   ҳуқуқшинос

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  Соли 2004 бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011 бо медали ҷашнии

«20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»           

Вазъи оилавӣ  оиладор


Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1984-1991-

Донишҷўи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

 

Солҳои 1986-1988-

Оператори Маркази ҷумҳуриявии ҳисоббаробаркунии Кумитаи давлатӣ оид ба таъминоти моддию техникии РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солҳои 1991-1999-

Мушовир, мушовири калон, мутахассиси пешбар, сармутахассис, сардори шуъбаи таъминоти ташкилии фаъолияти судҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солҳои 1999-2005-

Сардори идораи бақайдгирии  иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ  ва  ҳизбҳои  сиёсии  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2005-2006-

Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2006-2010-

Муовини аввали Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солхои 2010-2013-

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Аз ноябри соли 2013 то имрўз-

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 17 марти соли 2020 Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ интихоб шудааст.