-
-
ҒИЁЗОДА АЗИЗ ҚОДИР
Муроҷиат кардан
1 марти соли 2020 вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Аз 19 ноябри соли 2013 дар вазифаи Раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон кор кардааст.
Соли таваллуд - 7 октябри соли 1969. Ҷои таваллуд- ноҳияи Шуғнон. Миллат- тоҷик. Маълумот-олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст. Ихтисос иқтисодчӣ-муҳосиб, менеҷер-идоракунӣ. Забони русиро медонад.
Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон буд.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1997-2001 |
Назоратчӣ-тафтишотчии Раёсати назоратии тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ |
Солҳои 2001-2002 |
Сармуҳосиби Шўъбаи молияи шаҳри Хоруғ |
Солҳои 2002-2003 |
Мутахассиси пешбар оид ба назорати дохилӣ ва аудитории Маркази хазинадории Идораи молияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ |
Солҳои 2003-2005 |
Сармутахассиси Идораи дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон будаи Кумитаи назорати давлатии моляивии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2005-2006 |
Сардори Департаменти молияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ |
Солҳои 2006-2013 |
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ |
аз ноябри соли 2013 то с.2020. |
Раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон |

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон