• АШУРЗОДА ГУЛБАҲОР САНГИЛЛО Муроҷиат кардан

    1 марти соли 2020 вакили

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ашурова Гулбаҳор Сангиллоевна 18 марти соли  1973 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣтаваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси табиби акушер – гинеколог хатм кардааст. Номзади илмҳои тиб мебошад.

 

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1997 ба ҳайси табиби акушер — гинеколог дар беморхонаи клиники №6, шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои табиби акушер – гинеколог дар Маркази тиббӣ, мудири бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

 

Аз моҳи январи соли 2014 дар вазифаи Директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

 

Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

 

1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.